Ба гузориши хабаргузории Абна ба нақл аз Маркази иттилоърасонии Фаластин, Абдурраҳмон Шидед, аз раҳбарони ҷунбиши Ҳамос, ҳушдор дод, ки Навори Ғазза расман ба марҳилаи гуруснагии комил ва сӯъитағзияи шадид ворид шудааст.
Вай дар изҳороташ таъкид кард, ки режими ишғолгари саҳюнистӣ бо истифода аз гуруснагӣ ҳамчун “аслиҳаи ҷангии систематик” талош мекунад мардуми Фаластинро ба зону дароварад.
Шидед бо ишора ба гузоришҳои саҳроӣ дар ин хусус гуфт: “Беш аз як миллион кӯдак дар Ғазза аз гуруснагӣ ранҷ мебаранд. Ин як фоҷеаи инсонии бесобиқа аст, аммо ҷомеаи ҷаҳонӣ фақат ба содир кардани изҳоротҳои маҳкумият иктифо мекунад.”
Вай ҳамчунин афзуд: “Имрӯз кӯдакони мо на танҳо бо бумб ва гулӯла кушта мешаванд, балки бо набуди шири хушк ва ғизо низ ҷони худро аз даст медиҳанд.”
Ин узви аршади Ҳамос таъкид кард, ки режими саҳюнистӣ бо идомаи ҳамлаҳояш ба Ғазза амалан ба нақзи оташбас идома медиҳад ва бори дигар чеҳраи воқеии худро ба намоиш гузоштааст.
Вай ҳамчунин гуфт: “Муқовимат дар Ғазза ҳамчунон бо салоҳият дар баробари мошини ҷангии душман истода ва набарди ҳамосиро идома медиҳад.”
Шидед бо ишора ба бунбасти низомии режими ишғолгар дар Ғазза афзуд: “Муқовимат тавонистааст майдони набардро ба як саҳнаи фарсоишӣ табдил кунад, ки душман дар он саргардон ва нотавон аз таҳаққуқи ҳаргуна пешрафте аст.”
Ин раҳбари Ҳамос бо ишора ба ин ки нерӯҳои исроилӣ дар Қудс ва Каронаи Бохтарӣ ба тахриби хонаҳои фаластиниён ва оворагии сокинон даст мезананд, ёдовар шуд, ки режими ишғолгар ҳамзамон бо идомаи ҷанг дар Ғазза, ба ҳамлаҳои худ дар Каронаи Бохтарӣ ва Қудс низ шиддат бахшидааст.
Шидед ҳамчунин нисбат ба ҳуҷум ва ҳамлаҳои мустамирри саҳюнистҳо барои яҳудисозии Масҷидулақсо ҳушдор дод ва таъкид кард, ки ин амалҳо, қисме аз сиёсати куллии режими саҳюнистӣ барои тағйири ҳувияти исломӣ ва арабии Қудс аст.
Вай аз уммати исломӣ ва миллатҳои араб хост, ки дар баробари ин таҷовузот бетафовут набошанд ва барои ҳифозат аз муқаддасот вориди амал шаванд.
Абдурраҳмон Шидед ба афзоиши нақзи ҳуқуқи башар дар Халил ва Масҷиди Иброҳимӣ ишора кард ва гуфт: “Дар ҳоле ки режими саҳюнистӣ ба амалҳои таҷовузкоронаи худ алайҳи Масҷиди Иброҳимӣ идома медиҳад, муқовимат дар саросари Фаластин бо қудрати бештаре афзоиш ёфта ва душманро дар иҷрои барномаҳояш саргардон кардааст.”
342/
Your Comment