10 Апрел 2025 - 20:03
Source: Parstoday
Таҳлилгари покистонӣ: Эрониён таслими таҳдидоти низомии Амрико намешаванд; Вашингтон чорае ҷуз дипломатия надорад

Як коршиноси ҳастаии Покистон ба раисиҷумҳӯури Амрико ҳушдор дод, ки дар қиболи Эрон аз мутлақгароӣ бипарҳезад.

Саидаббоси Ироқчӣ, вазири умури хориҷаи Эрон душанбешаб дар шабакаи иҷтимоии Х навишт: Эрону Амрико рӯзи шанбе дар Уммон барои гуфтугуҳои ғайримустақим дар сатҳи мақомоти олӣ мулоқот хоҳанд кард.

Ба гузориши Порс Тудей, доктор Зафар Навоз Ҷаспол, коршиноси ҳастаӣ ва раиси бахши улӯми сиёсӣ ва равобити байналмилали донишгоҳи Қоиди Аъзами Покистон гуфт: Вахомати авзоъи феълӣ миёни Теҳрон ва Вашингтон мусталзими чархиш ба самти дипломасӣ аст, чаро ки эрониён таслими таҳдидоти низомии Амрико намешаванд, лизо Доналд Трамп бояд аз мутлақгароӣ ва низомигарӣ бипарҳезад.

Ин коршиноси покистонӣ, дар ёддоште барои рӯзномаи Покистон « Observer» бо унвони «дипломасии пушти парда ва тавофуқи ҳастаии Эрон» навишт: Ҷумҳурии Исломии Эрон яке аз аъзои Паймони манъи густариши силоҳҳои ҳастаии «НПТ» аст ва ба ҳамкорӣ бо Ожонси байналмилалии энержии атомӣ идома медиҳад.

Вай афзуд: Пешрафти ғанисозии Эрон ва тавонмандии билқувваи он дар ҳавзаи мӯшакҳои баллистик, Исроил ва Амрикоро ба ваҳшат андохтааст.

Ин муфассири сиёсии Покистон изҳор дошт: Дар воқеъ, тавофуқи ҳастаӣ ба ҷои ҳамла ба таъсисоти атомии Эрон, як интихоби беҳтар аст дар ғайри ин сурат ҳаргуна ҳамалоти Амрико ба таъсисоти атомии Эрон метавонад сиёсати ҳастаии ин кишварро тағйир диҳад.

Вай бо истинод ба мавозеъи неруҳои сиёсӣ ва низомии Эрон аз ҷумла имом Хоманаӣ, Раҳбари инқилоби исломӣ алайҳи таҳдидоти низомии раисиҷумҳури Амрико, таъкид кард: Эрон дар баробари таҳдиди низомии давлати Трамп таслим намешавад ва омодааст то ҳаргуна моҷароҷӯии низомиро талофӣ кунад, аммо тамоми потансиалҳо бояд ба сӯрати мусолиматомез ва ҳали ороми танишҳо сарф шавад.

Ин устоди покистонӣ таъкид кард, ки Трамп ба ҷои такя бар таҳримҳо ва таҳдидоти низомӣ, бояд фарояндҳои дипломатиро барои ҳалли баҳси ҳастаии Эрон оғоз кунад, зеро фақат аз ин тариқ метавон ҷилави як ҷанги вайронгарро дар Ғарби Осиё гирифт.

342/

Your Comment

You are replying to: .
captcha