Тибқи назарсанҷии шабакаи Fox News, аз ҳар 10 амрикоӣ шаш нафар амалкарди Ҷо Байден, раисиҷумҳури Амрикоро таъйид намекунанд.
Ин назарсанҷӣ, ки дар моҳҳои марту апрел анҷом шудааст, нишон медиҳад, ки фақат 41 дарсади шаҳрвандони Амрико амалкарди раисиҷумҳуриро таъйид мекунанд.
Ин дар ҳоле аст, ки 58 дарсади мардум аз амалкарди Байден норозиянд, ки намоёнгари камтарин мизони таъйиди ӯ аз оғози давраи раёсатҷумҳураш аст.
Дар ҳоле, ки 83 дарсади демукратҳо аз иқдомҳои ӯ ҳимоят мекунанд, фақат 9 дарсади ҷумҳурихоҳон амалкарди раисиҷумҳуриро таъйид кардаанд.
342/