7 Сентябр 2023 - 15:48
 Баёнияи Додситонии кулли Тоҷикистон дар бораи хабари кушта шудани қотили муовини раиси "Ориёнбонк"

Додситонии кулли Тоҷикистон хабари марги яке аз қотилони Шӯҳрат Исматуллоҳевро, ки дар расонаҳо мунташир шудааст, рад кард.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз Спутник, дар баёнияи Додситонии кулли Тоҷикистон омадааст: Акбар Аҳмадов,ки гумонбар ба одамрабоӣ ва қатли Шӯҳрат Исматуллоҳев-муовини раиси " Ориёнбонк" аст, зинда аст.

Ба гуфтаи додситонӣ паёмҳои тасвирии Аҳмадов ва модараш,ки дар вебсайт мунташир шудааст, ин мавзӯро таъйид мекунад.
Додситонии кулли Тоҷикистон дар робита бо инки пеш аз ин иттилооти марги Аҳмадов дар зиндон ва дастгирии модараш дар расонаҳои Тоҷикистон мунташир шуда буд, чунин изҳори назарӣ кардааст .
Додситонӣ матолиби мунташиршударо иштибоҳ хонд ва таъкид кард, ки бандҳои 14 ва 29 қонӯни « матбӯоти даврӣ » ба шиддат поймол шудааст.
Додситонии Тоҷикистон эълом кард Аҳмадов дар ҳоли ҳозир дар зиндони Душанбе ба сар мебарад.
Шомгоҳи 23 июн Шӯҳрат Исматуллоҳев-муовини раиси " Ориёнбонк" дар Душанбе рабуда шуд.
Бар асоси иттилооти расмӣ ҷинояткорон Шӯҳрат Исматуллоҳев-ро ба зӯр савори мошин карданд ва ба рӯстое дар ноҳияи Варзоб бурданд.
Дар таҳқиқот мушаххас шуд пас аз шиканҷаи чандсоъата муовини  раиси Ориёнбонк куштаву ҷасади вай ба ҳамроҳи худрави худ ба рӯдхона андохта шудааст
 

342/