Ба гузориши хабаргузории Абно, Сайид Аббос Арағчӣ вазири корҳои хориҷии кишвари мо бо нашри посте дар яке аз шабакаҳои иҷтимоӣ бо ишора ба иддаоҳои ахири масъулони режими Исроил алайҳи Эрон навишт: режиме, ки то дандон ба силоҳҳои қатли ом муҷаҳҳаз аст, Эронро ба талош барои дастрасӣ ба силоҳҳои кимиёӣ муттаҳам мекунад! Аммо акнун дигар тамоми дунё медонад, ки режими Исроил бо ҳар иттиҳоме, ки мезанад, дар воқеъ ба ҷинояте, ки худаш муртакиб шудааст, эътироф мекунад.
Вазири корҳои хориҷӣ ҳамчунин дар баёнияе ба шарҳи зерин дурӯғпардозиҳои режими Исроилро дар бораи саноати дорусозии Эрон маҳкум кард:
Режими Исроил аз пайвастан ба ҳар гуна конвенсияи байналмилалии манъкунандаи силоҳҳои ҳастаӣ, кимиёӣ ё биологӣ худдорӣ кардааст. Ин режим садҳо сари ҷангии ҳастаӣ дар ихтиёр дорад, ба ҳафт кишвари минтақа ҳамла карда ва бахшҳое аз хоки се кишварро ба ишғоли худ даровардааст. Танҳо дар тӯли як соли гузашта, Исроил ду бор Амрикоро ба ҷанги шикастхӯрда алайҳи Эрон кашонидааст.
Акнун ҳамин режими ҷангбарангез, бешармона Эрон, яъне кишвареро, ки узви Паймони манъи густариши силоҳҳои ҳастаӣ (NPT) ва узви Созмони манъи силоҳҳои кимиёӣ (OPCW) аст ва худаш қурбонии силоҳҳои кимиёии таъминшуда аз ҷониби Олмони Ғарбӣ барои режими Саддом Ҳусейн будааст, муттаҳам мекунад. Ин режим иддао мекунад, ки Эрон дар корхонаҳои дорусозӣ чунин силоҳҳои даҳшатоварро истеҳсол ва пинҳон мекунад!
Your Comment