23 Октябр 2026 - 21:11
Source: ABNA
Оятуллоҳ Аракӣ: Ҳокимони Ҷумҳурии Озарбойҷон аз сарнавишти Ризошоҳи Эрон ва Саддом ибрат гиранд

Узви Ҷамъияти мударрисони ҳавзаи илмияи Қум, хитоб ба давлатмардони Ҷумҳурии Озарбойҷон гуфт: Аз ҳокимони минтақа, монанди Саддом ва Ризошоҳ, ки бо мардуми худ даргирифтанд ва сарнагун шуданд, ибрат гиред.

Ба гузориши хабаргузории Меҳр, Оятуллоҳ Муҳсин Аракӣ, узви Маҷлиси хуброни роҳбарӣ, дар ҷаласаи дарси фиқҳи хориҷ, бо ишора ба вазъияти ахири Ҷумҳурии Озарбойҷон ва идомаи сиёсатҳои зиддидинӣи давлати ин кишвар, гуфт: Мутаассифона давлати кунунии Ҷумҳурии Озарбойҷон бисёр хатҳои сурхро убур кардааст.

Вай бо баённ ки «сиёсати фишор бар мусалмонон дар давлати кунунии Ҷумҳурии Озарбойҷон идома дорад», афзуд: Давлати Ҷумҳурии Озарбойҷон барои уламо ва баргузории маросими динӣ маҳдудиятҳо эҷод кардааст ва ба наздикӣ низ барои духтарон дар мавзӯи ҳиҷоб маҳдудиятҳо пешбинӣ кардааст.

Оятуллоҳ Аракӣ хитоб ба давлатмардони Ҷумҳурии Озарбойҷон гуфт: Беҳтар аст бо мардуми худ дарнагиред. Аз ҳокимони минтақа, монанди Саддом ва шоҳ ва падари шоҳи Эрон, ки бо мардуми худ даргирифтанд ва сарнагун шуданд, ибрат гиред.

Ин узви Ҷамъияти мударрисони ҳавзаи илмияи Қум бо баённ ки раиси давлати Ҷумҳурии Озарбойҷон ба ҷанг бо Худо рафтааст, аммо даъвои мусалмонӣ мекунад, тасреҳ кард: Ин рафторҳои зиддидинӣ бо мусалмонӣ созгор нестанд. Муқобила бо ҳиҷоби духтарони мусалмони Ҷумҳурии Озарбойҷон аз мисдоқи ҷанг бо Худост ва оқибати чунин амал нобудӣ аст.

Вай идома дод: Эҳтимол мардуми Ҷумҳурии Озарбойҷон барои муддате ин шароитро таҳаммул кунанд, аммо агар ин амалҳо идома ёбанд, ҳукумати кунуниро сарнагун хоҳанд кард.

Оятуллоҳ Аракӣ дар поён гуфт: Масъулони давлати Ҷумҳурии Озарбойҷон сионистҳоро ба кишвари худ роҳ додаанд ва аз сиёсатҳои идоракунии онҳо пайравӣ мекунанд. Онҳо бояд бидонанд рӯзе ки мардуми Ҷумҳурии Озарбойҷон алайҳи онҳо қиём кунанд, танҳо хоҳанд монд.

Your Comment

You are replying to: .
captcha