17 Май 2026 - 13:36
Source: ABNA
Гардонҳои Ал-Қассом: Таррории саркардагони бузург роҳи муқовиматро боз нахоҳад дошт

Гардонҳои Ал-Қассом таррории саркардаи шуҷои худ аз ҷониби режими Исроилро тасдиқ карда, шаҳодати вайро таслият гуфтанд.

Ба гузориши агентсии иттилоотии АБНА ба нақл аз агентии иттилоотии «Шиҳоби» Фаластин, гардонҳои шаҳид Иззуддин Қассом, шохаи низомии ҷунбиши Ҳамас, дар изҳороти расмӣ шаҳодати «Иззуддин ал-Ҳаддод» (куня Абусуҳайб), саркардаи баландпоя ва раиси штаби муштараки ин гардонҳо дар амали кӯри режими сионистӣ барои таррории ӯро тасдиқ кард.

Гардонҳои Ал-Қассом эълом кард, ки «Иззуддин ал-Ҳаддод»; саркардаи бузург, ҳамроҳ бо ҳамсару духтараш ва як қатор дигар мардуми Ғазза дар ҷараёни як амалиёти таррории номунардона аз ҷониби режими сионистӣ ба шаҳодат расиданд.

Ин гурӯҳ навишт: Вай дар ҳоле ба шаҳодат расид, ки пеш аз ин, ду писараш «Суҳайб» ва «Мӯъмин» низ дар ҷанги тӯфони Ал-Ақсо шаҳид шуда буданд.

Дар ин изҳорот таъкид шудааст, ки шаҳид ал-Ҳаддод дар амалиёти 7 октябр ва фармондеҳии набарди муҳофизавӣ дар тими Ғазза нақши барҷаста дошт ва пас аз шаҳодати саркардагони бузург «Муҳаммади Зайф» ва «Муҳаммади Синвор», фармондеҳии штаби муштараки гардонҳои Ал-Қассомро дар марҳилае бениҳоят ҳассос ба зимма гирифт ва дар ин муддат муваффақ шуд дастовардҳои муҳиме аз ҷумла озод кардани садҳо асир аз зиндонҳои режими ишғолгарро рақам занад.

Ал-Қассом бо маҳкум кардани ин ҷиноят таъкид кард: Ҷиноятҳои ишғолгарони сионистӣ, ки охирин он таррории шаҳид ал-Ҳаддод буд, равшантарин далели вайдораканони душмани ҷинояткори сионистӣ мебошад, ки ҳамаи ҳудудҳоро поймол карда, ҳама созишномаҳоро паси гӯш андохта ва ба кишварҳои миёнарави оташбас ҳеҷ арзише намедиҳад.

Ал-Қассом дар охири изҳороти худ овардааст: Душмани ҷинояткори сионистӣ агар фикр кунад, ки таррории саркардагони бузург роҳи муқоваматро бозмедорад, ба ваҳм рафтааст, зеро ин хунҳои пок беҳуда намераванд, саркардагони дигар ҷои онҳоро хоҳанд гирифт ва роҳ то озодии комили сарзамин ва тозакунии масҷидул-Ақсо идома хоҳад ёфт.

Your Comment

You are replying to: .
captcha