17 Май 2026 - 13:36
Source: ABNA
Иқрори мансабдори Созмони Милали Муттаҳид ба таҷовузҳои Тел-Авив алайҳи фаластиниҳо

Як мансабдори Созмони Милали Муттаҳид ба таҷовузҳои режими сионистӣ дар соҳили ғарбӣ ва ноҳияи Ғазза иқрор кард.

Ба гузориши агентсии иттилоотии АБНА ба нақл аз RT, Холид Хиёрӣ, муовини котиби генералии Созмони Милали Муттаҳид оид ба умури Ховари Миёна таъкид кард, ки режими сионистӣ беш аз 40 ҳазор кӯчонидашудаи фаластиниро маҷбур ба тарки лагерҳои шимоли соҳили ғарбӣ кардааст.

Вай афзуд, ки Созмони Милали Муттаҳид ҳанӯз ҳам дар ҳоли ҳуҷҷатгузории ин раванд ва харобии хонаҳои фаластиниҳо ва васеъкунии бунёди масканиҳо дар соҳили ғарбӣ мебошад.

Хиёрӣ баён кард, ки қаблан котиби генералии Созмони Милали Муттаҳид таъкид карда буд, ки ҳамаи масканиҳои сионистӣ дар соҳили ғарбӣ аз ҷумла дар Қудси шарқӣ қонунияти ҳуқуқӣ надошта, сохтани онҳо вайронкунии қонунҳои байналмилалӣ ба шумор меравад.

Вай дар бораи ноҳияи Ғазза низ гуфт, ки беш аз 85 фоизи сокинони ин ноҳия бар асари амалҳои режими сионистӣ кӯчонида шудаанд ва аксари онҳо чанд бор кӯчонидаро аз сар гузарондаанд.

Your Comment

You are replying to: .
captcha