Доналд Трамп, раисиҷумҳури Амрико дар соли ҷории мелодӣ Mark Savaya-ро, ки як сармоядори дорои табори ироқиро, ки хушном ҳам нест, маъмури вижаи худ дар умури Ироқ кардааст.
Ба гузориши “Порс-Тудей”, ба нақл аз ИРНА, интисоби Савая, ки дар феҳристи инфлонсерҳои шабакаҳои иҷтимоии Амрико низ қарор дорад, бо вокуниши густардаву баҳсу ҷадалҳои зиёди маҳофили сиёсии Ироқ ҳамроҳ шудааст.
Ба эътиқоди нозирон, муаррифии як чеҳраи ғайридипломатӣ ба номи Марк Савая, ки асолатан аз масеҳиёни калдонии Ироқ аст, ба унвони фиристодаи вижаи раисиҷумҳури Амрико ба Ироқ дар канори Ҷаред Кушнер, домоди Доналд Трамп парда аз талоши Амрико барои тағйири қавоиди бозӣ дар Ироқ ба нафъи худ бардоштааст.
Бисёре аз фаъолони сиёсӣ дар Ироқ нигаронанд Марк Савая ҳамонанди Зулмай Халилзоди афғониюласле, ки фиристодаи вақти раисиҷумҳури Амрико дар Афғонистон буд ва авзои Афғонистонро ба ҳам рехт ё Том Бараки лубнониюласл, ки Трамп ӯро ба унвони фиристодаи вижаи худ дар Лубнон муаррифӣ карду мунҷар ба ташдиди таниши дохилӣ дар Лубнон шудааст, амал кунад ва ҳамин маъмуриятро Савая ва Кушнер дар Ироқ ҳатто дар абъоде васеътар дунбол кунанд.
Ҷумъа Алатвонӣ, раиси Маркази мутолеоти роҳбурдии “Уфуқ”-и Ироқ муътақид аст, Вашингтон бидуни шак ҳамонанди гузашта аз тариқи фиристодагони вижаи худ дар давраи ташкили эътилофҳо барои ташкили давлати ҷадиди Ироқ вориди бозӣ хоҳад шуд ва мекӯшад эътилофҳои сиёсӣ ва давлати ояндаи Ироқро мутаносиб бо сиёсатҳои Амрико тарсим кунад.
Вай мегӯяд, Ҷараёнҳои сиёсии шиа ин бозии такрории амрикоиҳоро ёд гирифтаанд ва барои он сенарияҳое чидаанд, ки эҳтимолан қурбонӣ кардани теъдоде аз ҷараёнҳои кучаки сиёсии наздик ба муқовимат бошад то ба ин васила бо мутақоид кардани Амрико, онро давр задаву дубора давлатро ташкил диҳанд.
Your Comment