Бино ба гузориши хабаргузории Абно, артиши режими саҳюнистӣ дар пайи иддаои матраҳшуда дар хусуси ҳамла ба як худрави зиреҳпӯши ин режим дар Рафаҳ бори дигар ҳамлаҳо ба Ғаззаро аз сар гирифт.
Дар пайи иддаои таркиши ин худрави зиреҳпӯш ва эъломи ҳалокати ду низомии саҳюнист ва захмӣ шудани ду тани дигар, шабакаи 14-и режими саҳюнистӣ эълом кард, ки нерӯи ҳавоӣ ҳадафҳоеро дар минтақаи Рафаҳ дар ҷануби Навори Ғазза бомбаборон кард.
Канали 12-и Исроил низ эълом кард, ки Нетаняҳу вазъияти амниятӣ дар Ғаззаро бо вазири ҷанг ва мақомоти артиш арзёбӣ мекунад.
Ин дар ҳолест, ки шабакаи 12-и телевизиони режими саҳюнистӣ ба нақл аз манобеи огоҳ анҷоми ин ҳамлаҳоро талоши саҳюнистҳо барои муҳофизат аз ниманизомиёни вобаста ба Ёсир Абушабоб тавсиф кардааст.
Your Comment