19 Октябр 2025 - 22:39
Source: ABNA
Путин шарти поёни ҷанги Укроинро ба Трамп эълом кард

Раиси ҷумҳури Русия дар тамоси телефонии ҳафтаи гузашта бо ҳамтои амрикоиаш, «вогузории контроли минтақаи Донетск ба Русия»-ро ба унвони шарти поёни ҷанги Укроин эълом кард.

Бино ба гузориши хабаргузории Абно ба нақл аз Вашингтон Пост, ба гуфтаи ду мақоми аршади огоҳ, Владимир Путин, раиси ҷумҳури Русия дар гуфтугӯи телефонии ҳафтаи гузашта бо Доналд Трамп, ҳамтои амрикоиаш, шарти худро барои поён додан ба ҷанг эълом кардааст.

Ба гуфтаи ин ду манбаи огоҳ ба тамоси телефонии мазкур, Путин хостааст то Киев контроли комили минтақаи Донетскро ба Русия вогузор кунад; минтақае ҳаётӣ ва роҳбурдӣ, ки дар шарқи Укроин қарор дорад.

Трамп пештар дар бораи тамосаш бо Путин гуфта буд, ки «тамоси телефонии ман бо раиси ҷумҳур Путин самарабахш буд ва муваффақияти мо дар Ховари Миёна ба музокирот барои поён додан ба ҷанг миёни Русия ва Укроин кумак хоҳад кард.»

Вай ҳамчунин гуфт, ки дар пойтахти Маҷористон бо Путин мулоқот хоҳад кард. Кохи Сафед низ эълом кардааст, ки ҷаласаи баъдӣ миёни Трамп ва Путин мумкин аст дар Будапешт баргузор шавад ва Путин тааҳҳуди худро барои дидор бо раиси ҷумҳур Трамп иброз кардааст.

Your Comment

You are replying to: .
captcha