30 Июн 2025 - 14:01
Source: Parstoday
Ахбор| Ироқчӣ: Миллат то охирин қатраи хун истодагӣ хоҳад кард. Наим Қосим: Дар қиболи таҷовузҳои душман сокит намемонем

Вазири умури хориҷаи Ҷумҳурии исломии Эрон дар паёме дар шабакаи “Х” навишт: Миллат то охирин қатраи хун, дар баробари ҳар касе ки бихоҳад барои сарнавишти мо тасмим бигирад, истодагӣ хоҳад кард.

Ба гузориши Порс-Тудей, Сайид Аббоси Ироқчӣ, вазири умури хориҷаи Эрон бомдоди якшанбе дар паёме навишт: Бори дигар мардуми бузурги Эрон қудрату истиқомати шигифтангези худро ба ҷаҳониён нишон доданд.

Вай гуфт: Амвоҷи хурӯшони меҳанпарастоне ки ба хиёбонҳо омаданд то ба фармондеҳони низомӣ, донишмандон, пажӯҳишгарон ва шаҳрвандон, аз ҷумла занону кӯдакони бегуноҳе, ки ба дасти режими буздили Исроил бераҳмона кушта шуданд, адои эҳтиром кунанд, ҳамагӣ як паёми равшан доранд.

Ба гуфтаи Ироқчӣ; бар хилофи режими нотавону заифи Исроил, мо ҳаргиз талафоти худро пинҳон намекунем, мо ба шаҳидонамон ифтихор мекунем, зеро онон улгӯҳои мо ҳастанд. Мутмаин бошед барои ҳар афсар ё донишманди аз дастрафта, садҳо нафар саф кашидаанд то ҷои онҳоро пур кунанд.

Вай хотирнишон кард: Миллати қудратманду муқовими Эрон , то охирин қатраи хун, дар баробар ҳар касе ки бихоҳад барои сарнавишти мо тасмим бигирад, истодагӣ хоҳанд кард.

Қимори Трамп рӯи парвандаҳои фасоди Натанёҳу

Доналд Трамп, раисиҷумҳури Амрико шомгоҳи шанбе бо дифои тамомқадду ғайримантиқӣ аз Бенёмин Натанёҳу, нахуствазири ҷангталаби режими саҳюнистӣ, таҳдид кард, ки агар муҳокимаи Натанёҳу лағв нашавад, шояд маҷбур шавем кумакҳои низомӣ ба Исроилро мутаваққиф кунем.

Вай бидуни ишора ба шароити сахти мардуми Ғазза ва Фаластин, ки омили он нахуствазири режими Исроил будааст, муддаӣ шуд: Натанёҳу дар як шароити ваҳшатноке қарор гирифтааст.

Трамп дар изҳороте ғайримантиқӣ гуфт: Натанёҳу маъмуриятҳои бузурге бар ӯҳда дорад ва бояд ба онҳо бипардозад. Ин муҳокима як сирки сиёсӣ ва бо музокирот бо Эрону Ҳамос дар тазод аст.

Эътирофи мақоми саҳюнист ба исобати дақиқи мушакҳои эронӣ ба Маркази таҳқиқоти Исроил

Алун Ҳин, раиси Муассисаи улуми Войзман (мағзи амниятӣ ва пуштибони артиши режими саҳюнистӣ) дар ҷануби Тел-Авив рӯзи шанбе дар изҳороте ба исобати дақиқи мушакҳои эронӣ ба набзи тапандаи Маркази таҳқиқоти Исроил эътироф кард. Раиси Муассисаи улуми Войзман дар гуфтугӯ бо шабакаи 13-и телевизиони режими саҳюнистӣ дар хусуси ҳаҷми осебҳову вайронии воридомада ба ин муассиса, ки тавассути мушакҳои эронӣ дар посух ба таҷовузи густохонаи режими саҳюнистӣ ба Ҷумҳурии исломии Эрон ҳадаф қарор гирифт, гуфт: Вайронӣ бисёр зиёд асту арзёбиҳои аввалияи мо ҳокӣ аз хисорате байни 300 то 500 миллион доллар аст.

Тазоҳуроти ҳамбастагӣ бо Эрон дар Вена/ Фарёди «на ба ҷанг» дар қалби Аврупо танинандоз шуд

Ҳамзамон бо маросими ташйиъи шуҳадои таҷовузи режими саҳюнистӣ дар Теҳрон, ҳазорон тан аз фаъолони зидди ҷанг, мудофеони ҳуқуқи башар ва ақшори мухталифи мардуми Австрия низ рӯзи шанбе барои эъломи ҳамбастагӣ бо Эрон дар хиёбонҳои марказии Вена тазоҳурот карданд. Ширкаткунандагон дар ин ҳаракати эътирозӣ бо дар даст доштани парчамҳои Эрону Фаластин, шиорҳоеро дар маҳкумияти ҷиноёти режими саҳюнистӣ сар додаву ҳимояти худро аз ҷунбишҳои муқовимати минтақа дар баробари таҷовузгариҳову ҷангафрӯзиҳои режими саҳюнистӣ эълом карданд. Онҳо ҳамчунин бо ҳамли тасовири қурбониёни ҳамалоти ахир, хостори таваққуфи фаврии иқдомоти таҷовузкоронаи режим саҳюнистӣ шуданд. Дар ин ҳаракати эътирозӣ, гуруҳе аз фаъолони яҳудии зиддисаҳюнист низ бо дар даст доштани плокардҳое, ки таъкид мекард, ҷиноёти саҳюнизм рабте ба дини яҳуд надорад, ҳузур доштанд ва ин масъала бо истиқболу тавваҷуҳи ширкаткунандагон рӯ ба рӯ шуд.

Дабири кулли Ҳизбуллоҳ: Дар қиболи таҷовузҳои душман то абад сокит намемонем

Шайх Наим Қосим, дабири кулли Ҳизбуллоҳи Лубнон дар изҳороте бо баёни инки касоне ки гумон мекунанд мо дар қиболи таҷовузҳои душман то абад сокит менишинем, иштибоҳ мекунанд, таъкид кард: Мо тавоноии муқобила бо режими саҳюнистӣ ва шикасти онро дорем. Шайх Наим Қосим гуфт: Ҳамла ба Набатия ва ғайринизомиён ғайриқобили пазириш аст ва ҳукумат бояд ба вазифаи худ дар ин бора амал кунад.

Вай афзуд: Мо ҷамоату гуруҳи “Ҳайҳот минно зиллаҳ» (Мо ва зиллат? Ҳаргиз!) ҳастем ва пештар моро озмудаед ва мо то абад сокит намемонем. Шайх Наим Қосим изофа кард: Ҳизбуллоҳ ба пуштибонӣ аз мардуми навори Ғазза ва Фаластин иқдом кард ва ин пуштибонӣ воҷибу зарурӣ буд.

Your Comment

You are replying to: .
captcha