Исроил пас аз ҷанги 12 рӯза бо Эрон, бо зиёни мустақими тақрибии 12 миллиарддолларӣ мувоҷеҳ шудааст.
Ба гузориши Порс-Тудей, расонаҳову манобеи иқтисодии исроилӣ эълом карданд, ин 12 миллиард доллар шомили ҳазинаҳои низомӣ, хисороти ношӣ аз ҳамалоти мушакӣ, пардохти ғаромат ба афроду касбу корҳо ва ҳазинаҳои бозсозӣ мешавад.
Дар айни ҳол, артиши Исроил дархости дарёфти 40 миллиард шекел (ҳудуди 11. 7 миллиард доллар) буҷети изофӣ кардааст то захоири таслеҳотии худро ҷуброн карда, сомонаҳои раҳгиру таҷҳизоти таҳоҷумии бештаре таҳия карда ва неруҳои захираро ҳифз кунад.
Ин арқом шомили ҳазинаҳои ҷорӣ монанди искони муваққат дар ҳотелҳову хонаҳои ҷойгузин барои афрод аз манотиқи тахлияшуда намешавад. Ҳамчунин хисороти марбут ба ҳудуди як сеюм аз амлоки осебдида, ки ҳанӯз ба таври ниҳоӣ баровард нашудаанд, дар ин арқоми лиҳоз нашудааст. Бозсозии ин амлок метавонад байни 1 то 1. 5 миллиард шекел (ҳудуди 294 то 440 миллион доллар)- и дигар ҳазина дошта бошад.
Барои таъмин кардани ҳазинаҳои ҷанг, пешбинӣ мешавад касрии буҷети Исроил, ки пештар дар ҷанги Ғазза афзоиш ёфта буд, ба ҳудуди 6 дарсад бирасад. Ҳамзамон рушди иқтисодии ин режим низ дасти кам 0. 2 дарсад коҳиш хоҳад ёфт, ки мунҷар ба уфти даромадҳои молиётӣ хоҳад шуд.
Як манбаъ дар Вазорати дороии Исроил ба "Yedioth Ahronoth" гуфтааст, ки ин режим мумкин аст барои ҷуброни ҳазинаҳои ҷангу таъмини ниёзҳои фаврии дифоӣ, дархости кумаки молӣ ё тазмини вом аз Амрико кунад.
Одам Блумберг, муовини иқтисодии бузургтарин иттиҳодияи коргарии Исроил, мавсум ба Histadrut, ба вебсайти хабарии "Maariv" гуфтааст, таътилии иқтисодии ҳосил аз ҷанг рӯзона ҳудуди 1. 5 миллиард шекел (294 миллион доллар) ба иқтисоди Исроил хисорат ворид карда ва дар маҷмуъ беш аз 3. 5 миллиард доллар зиён дар 12 рӯз ба бор овардааст.
Ҳамчунин Носир Aбдулкарим, устодёри умури молӣ дар Донишгоҳи амрикоии «Фаластин» дар ин бора ба хабаргузории "Анатолия" гуфт: Ин ҳамалот на танҳо ба таври мустақим бар ҳазинаҳои низомии Исроил, балки бар фаъолиятҳои тавлидии ин режим низ таъсир гузоштааст.
Ба гуфтаи коршиносон, Эрон зерсохтҳои ҳаётӣ дар Тел-Авив ва Ҳайфоро ҳадаф қарор додааст, аз ҷумла ҳамлае ки ба таътилии бузургтарин полоишгоҳи нафти режими саҳюнистӣ мунҷар шуд ва тибқи гузориши "Financial Times", рӯзона се миллион доллар зарари тахминӣ ба бор овард.
Фурудгоҳи Бен-Гурион дар посух ба ҳамалоти талофиҷӯёнаи Эрон, фаъолияти худро ба ҳолати таълиқи даровард. Ин фурудгоҳ рӯзона ҳудуди 300 парвоз ва 35000 мусофирро мудирият мекунад ва аз рӯзи якшанбе фақат бахше аз ин фурудгоҳ барои аҳдофи бозгашт ба сарзаминҳои ишғолӣ бозгушоӣ шудааст. Ин ихтилол метавонад ба зарарҳои иқтисодии бузургтаре мунҷар шавад.
Тибқи эъломи Mуассисаи Aлмоси Исроил, ҳамалоти Эрон нигарониҳоеро дар бурси Тел-Авив эҷод кардааст.
Бар асоси гузориши хабаргузории Анатолия, зарба ба бозори саҳҳом боиси ваҳшат дар миёни сармоягузорон шуд ва мунҷар ба фурӯши густардаву рукуди бозор шуд, ки ба навбати худ скботи иқтисодии режими саҳюнистиро дар кутоҳмуддат ба хатар андохтааст.
Your Comment