30 Июн 2025 - 14:00
Source: Parstoday
Режими саҳюнистӣ барои тахриби ҳар хона дар Ғазза чӣ қадр музд медиҳад?

Як расонаи саҳюнист аз истихдоми паймонкорони мухталиф ба манзури тахриби хонаҳои фаластиниҳо дар борикаи Ғазза парда бардошт.

Рӯзномаи “Haaretz” рӯзи якшанбе дар гузорише аз истихдоми паймонкорони хусусӣ тавассути артиши Исроил барои тахриби хонаҳои фаластиниҳо дар Ғазза хабар дод.

Ба гузориши Порс-Тудей, яке аз низомиёни саҳюнист дар Ғазза гуфтааст: Ҳар паймонкори хусусӣ, ки дар Ғазза бо истифода аз таҷҳизоти муҳандисӣ кор мекунад, ба изои тахриби ҳар хона панҷ ҳазор шекел (ҳудуди ҳазору 500 доллар) дарёфт мекунад; онҳо пӯли зиёде ба даст меоваранд.    

Ин низомӣ афзуд, ҳар замоне, ки паймонкорон хонаеро тахриб накунанд, барои онҳо зарари молӣ аст ва артиши Исроил бояд амнияти кори онҳоро таъмин кунад.

Ӯ гуфт: Паймонкорон барои инки битавонанд панҷ ҳазор шекели изофӣ ба даст биоваранд, ба ҳамроҳи неруҳои амниятӣ худро ба наздикии нуқоти тавзеи кумакҳо барои мардуми Ғазза ё масирҳои убури мошинҳои боркаш наздик мекунанд ва бо тирандозӣ ба сӯи фаластиниҳое, ки дар интизори дарёфти кумакҳо ҳастанд, масирро барои тахриби хонаҳои фаластиниҳо ҳамвор мекунанд.

Ин гузориш дар ҳоле мунташир мешавад, ки режими саҳюнистӣ дар моҳҳои ахир ҳамалоти шадидеро алайҳи борикаи Ғазза  анҷом дода, ки боиси вайронии густардаи зерсохтҳову куштаву захмӣ шудани теъдоди зиёде аз ғайринизомиёни фаластинӣ шудааст.

Созмонҳои байналмилалӣ борҳо нисбат ба буҳрони инсонӣ дар Ғазза ҳушдор додаанду хостори поён додан ба муҳосираву ҳамалоти режими саҳюнистӣ шудаанд.

Your Comment

You are replying to: .
captcha