Ба гузориши Порс-Тудей, ба нақл аз ИРНА , амири сарлашкар Сайид Абдурраҳими Мӯсавӣ, раиси Ситоди кулли Неруҳои мусаллаҳи Эрон дар гуфтугуи телефонӣ бо Моршол Oсим Mунир, фармондиҳи артиши Ҷумҳурии исломии Покистон , аз мавозиъи шуҷоъонау ҳимоятҳои давлату мардуми Покистон аз Ҷумҳурии исломии Эрон дар муқобили таҳоҷуми ноҷавонмардонау террористии режими саҳюнистӣ ва Амрико қадрдонӣ кард .
Сарлашкар Мӯсавӣ бо ишора ба ҷанги таҳмилии 12 рӯзаи режими саҳюнистӣ ва Амрико зидди Эрон афзуд: Дар ин ҷанги таҳмилӣ , Амрико аз ҳеҷ кумаке ба режими саҳюнистӣ дареғ накарду илова бар мушорикат дар таҳоҷум , ҳамаи имконоти худро дар дифоъ аз режими саҳюнистӣ дар муқобили ҳамалоти мушакӣ ва паҳподии Эрон ба кор гирифт, зимни инки илова бар Амрико , теъдодии дигар аз кишварҳои ғарбӣ ҳам ҳимоятҳои қавлӣ ва амалӣ аз душман доштанд .
Режими саҳюнистӣ бомдоди рӯзи ҷумъаи 13 июн бо нақзи ошкори ҳуқуқи байналмилалу Ҳокимияти миллии Ҷумҳурии исломии Эрон , манотиқе дар Теҳрон ва бархе дигар аз шаҳрҳо аз ҷумла таъсисоти ҳастаии Эронро ҳадафи ҳамлаи низомӣ қарор дод .
Дар ин иқдоми террористӣ , шуморе аз донишмандон , низомиёну шаҳрвандони ғайринизомӣ ба шаҳодат расиданд .
Дар идомаи ин таҷовуз , Амрико низ бомдоди якшанбе ( 22 июн ) бо ҳамлаи мустақим ба сайтҳои ҳастаии фурду , Натанзу Исфаҳон , амалан ба ҷанги режими саҳюнистӣ зидди Эрони пайваст .
342/
Your Comment