Ба гузориши хабаргузории Аҳлибайт (а) – Абно – Сарҳанг дуюм посдор Иброҳим Зулфақорӣ дар паёме ба Амрико, дар бораи авоқиби сангин ва ғайричашмдошти ҳамла ба Эрон, ҳушдор дод.
Ба номи Худованди бахшандаи меҳрубон. “Ва барои онҳо ҳар чи метавонед аз қувват ва аз аспҳои баста (барои ҷанг) омода кунед, то бо он душмани Худо ва душмани худро битарсонед.”
Амрикои ҷинояткор, дар идомаи ҳимоятҳои ҳамаҷонибаи худ аз таҷовузгарии режими саҳюнистӣ бо нақзи ошкори ҳокимияти Ҷумҳурии исломии Эрон, ба таври мустақим вориди ҷанг бо Эрон шуд ва ба хоки муқаддаси Эрон таҷовуз кард.
Ин иқдоми хусумомез, бо ҳадафи эҳёи режими дар ҳоли марги саҳюнистӣ сурат гирифт; аммо на танҳо бесамар буд, балки муҷиби густариши доираи аҳдофи машруъ ва мутанаввеи нерӯҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии исломии Эрон хоҳад шуд, ва заминаҳои густариши ҷанг дар минтақаро фароҳам мекунад.
Ба шумо итминон медиҳем, ки бо ин таҷовуз, ақрабаҳои соат ба суди шумо нахоҳад чархид. Размандагони ислом, дар посух ба ин ҷиноят, бо амалиётҳои пурқудрат ва ҳадафманд, авоқиби сангин, пушаймонкунанда ва ғайриқобили пешбини барои шумо рақам хоҳанд зад. Иншоаллоҳ.
Your Comment