24 Июн 2025 - 14:24
Source: ABNA
Иъломи ҳимояти уламои бузурги аҳли суннати Покистон аз Ҷумҳурии Исломии Эрон

Намояндаи ҳизби Маҷлиси Ваҳдати Муслимини Покистон дар шаҳри Қум гуфт: Уламои бузурги аҳли суннати Покистон ба ҳимоят аз Ҷумҳурии Исломии Эрон дар набард бо режими саҳюнистӣ пардохтанд, онҳо таъкид карданд, ки ин на ҷанги Эрон, балки ҷанги уммати исломӣ аст.

Ба гузориши хабаргузории байналмилалии Аҳлибайт (а) — Абна — Ҳамоиши ҳимояти мардумӣ аз Ҷумҳурии Исломии Эрон бар алайҳи саҳюнизм аз сӯи Ҷамъияти Амали Исломии Баҳрайн шомгоҳи душанбеи 2 тири 1404 бо ҳузур ва суханронии уламо, раҳбарон ва чеҳраҳои шинохташудаи сиёсӣ – иҷтимоии кишвари Баҳрайн ва кишварҳои ҳошияи Халиҷи Форс дар шаҳри Қум, баргузор шуд.

Ҳуҷҷатулислом валмуслимин Ҳусайнӣ, намояндаи ҳизби Маҷлиси Ваҳдати Муслимини Покистон дар шаҳри Қум, дар ин ҳамоиш бо ишора ба ҳимояти мардум ва масъулони Покистон аз Ҷумҳурии Исломии Эрон изҳор кард: «Мардуми Покистон барои эъломи ҳамбастагии худашон бо Ҷумҳурии Исломии Эрон ба хиёбонҳо омаданд, дар Парлумони Покистон низ шоҳид будем, ки намояндагон барои эъломи маҳкумияти таҷовузи Амрико ва режими саҳюнистӣ ба Эрон, шиорҳои марг бар Амрико ва марг бар Исроилро сар доданд.»

Вай идома дод: «Уламои бузурги аҳли суннати Покистон низ ба ҳимоят аз Ҷумҳурии Исломии Эрон дар набард бо режими саҳюнистӣ пардохтанд, онҳо таъкид карданд, ки ин на ҷанги Эрон, балки ҷанги уммати исломӣ аст ва режими саҳюнистӣ як ҷинояткори ҷангӣ аст, ки ҳамаи ҷаҳон бояд дар баробари ин режим қарор бигирад.»

Намояндаи ҳизби Маҷлиси Ваҳдати Муслимини Покистон дар шаҳри Қум хотирнишон кард: «То замоне ки режими саҳюнистӣ дар ин минтақа аст, кишварҳои исломӣ наметавонанд дар амон бошанд.»

Your Comment

You are replying to: .
captcha