Ба гузориши хабаргузории байналмилалии Аҳли Байт (а) — Абно — Муҳаммадбоқир Қолибаф, раиси Маҷлиси Шӯрои Исломӣ дар паёме хитоб ба миллати рашиди Эрон бо баёни ин ки шикасти аслии душмани Эрон, ноумедии маҳз аз эрониён буд, гуфт: "Миллати Эрон фасли ҷадиде дар таърихи муосир рақам зад ва ба ҷаҳониён дарси меҳандӯстӣ ва иттиҳод ва рашодат дод ва ҷаҳон якдилона ҳамдилии таърихии миллати Эронро ситоиш хоҳад кард."
Паёми раиси Маҷлиси Шӯрои Исломӣ ба миллати рашиди Эрон ба шарҳи зер аст:
Бисмиллоҳирраҳмонирраҳим
Таҳмили таваққуфи таҳоҷум ба душмани мутаҷовиз бидуни пазириши дархости душман дар бораи ғанӣсозӣ ва барномаи мушакии Эрон, яъне мо хостаҳои душманро ба ҳеҷ мегирем ва сарфатан дар ҷиҳати манофеъи миллати бузург ва қаҳрамони Эрон пеш хоҳем рафт ва бо беэътимодии мутлақ ба душман, ҳар лаҳза даст ба моша омодаи посухгӯии қотеъ ба ҳар амали таҷовузкорона ҳастем.
Таҳти алтофи илоҳӣ ва бо раҳбарии ҳакимонаи раҳбари муаззами инқилоб, иттиҳоди таърихӣ ва мавқеъшиносии миллати рашиди Эрон ва муқовимати далиронаи нерӯҳои мусаллаҳ, душмани ҷинояткор, саранҷом бо вуҷуди он ки дасташ ба хуни покизатарин ва шаҷоатмандтарин фарзандони ин миллат оғушта шуд, аммо бидуни дастиёбӣ ба аҳдофи аслии шарӯронаи худ ақиб нишаст.
Дасти пурқудрати миллати Эрон бо омилияти нерӯҳои мусаллаҳ борҳо сари беарзиши душмани саҳюнистро ба санг кӯбид; тасвири нуфузнопазирии гунбади истилоҳан оҳанинро беэътибор сохт; шаҳрҳои ишғолиро вайрон кард; марказҳои муҳими низомӣ ва амниятиро ба оташ кашид ва ба Амрикои ҷинояткор низ дар пойгоҳи низомиаш посухи мутаносиб дод ва ҳамчунин бо рашодат ва истодагӣ ва ҳамдилии фарзандони далираш ҷонона аз дастовардҳои ҳастаӣ ва мушакии худ сиёнат кард ва гилуи душманро бидуни ин ки зарфияти офандимон коҳиш пайдо кунад, то охирин дақиқа фушурд.
Мо гиребони душмани ҷинояткор ва кӯдаккушро, ки кӯдакон ва занон ва ғайринизомиёни моро бераҳмона ба шаҳодат расонд ва ба манотиқи маскунӣ ва бемористонҳо ва маркази беҳзистӣ ва амбулансҳо ва соири марказҳои хидматӣ ва имдодӣ ва ғайринизомӣ ҳамла кард, раҳо нахоҳем кард.
Бар тамоми мо масъулин фарз аст, ки нуқоти осебпазири мавҷудро шиносоӣ ва тармим кунем ва ба миллати сарбаланди Эрон итминон медиҳем, ки ба ёрии Худованди мутаол, тавони низомии офандиву падофанӣ, амниятӣ, иттилоотӣ ва иҷтимоиро дар ҳамаи абъод эртоқо хоҳем дод.
Фаҳми дақиқ, шаҷоат, иттиҳод ва мавқеъшиносии миллати Эрон дурахшонтарин барги ин чанд рӯзи муқовимати ҷонона буд ва душманро то солиён сол аз Эрон ва эронӣ ноумед кард. Шикасти аслии душмани Эрон, ноумедии маҳз аз эрониён буд. Миллати Эрон фасли ҷадиде дар таърихи муосир рақам зад ва ба ҷаҳониён дарси меҳандӯстӣ ва иттиҳод ва рашодат дод; ҷаҳон якдилона ҳамдилии таърихии миллати Эронро ситоиш хоҳад кард.
Созмони Милал, Оҷонси ҳастаӣ, ниҳодҳои байналмилалӣ ва ҳуқуқи башарӣ дар ин барҳаи таърихӣ русиёҳ шуданд ва ин мардуми Эрон буданд, ки зери омоҷи шадидтарин ҳамлаҳои низомӣ ва амалиётҳои равонӣ, якдигарро дар оғӯш кашиданд ва бо сабр ва шаҷоат дар канори Эрони азиз истоданд; миллати Эрон русфед ва пирӯзи абадии таърих аст.
Муҳаммадбоқир Қолибаф Раиси Маҷлиси Шӯрои Исломӣ.
Your Comment