23 Июн 2025 - 13:15
Source: ABNA
Имомҷумъаи Бағдод: Ҳамаи мусулмонон бояд дар канори Оятуллоҳ Хоманаӣ бошанд

Имомҷумъаи Бағдод дар пайи зиёдаравӣ ва суханони беҷои Трампи ҷинояткор баёнияи шадидуллаҳнеро содир кард.

Ба гузориши хабаргузории Аҳлибайт (а) – Абно – Оятуллоҳ Сайид Ёсин Мусавӣ, имомҷумъаи Бағдод, дар пайи зиёдаравӣ ва суханони беҷои Трампи ҷинояткор баёнияи шадидуллаҳнеро содир кард.

Матни баёнияи эшон ба шарҳи зер аст: Ба номи Худованди бахшандаи меҳрубон. Худованди мутаол мефармояд: «Ҳамоно Фиръавн дар замин (Миср) такаббур ва гарданкашӣ оғоз кард ва миёни аҳли он сарзамин тафриқа ва ихтилоф афканд» (Қасас 28:4).

Трамп дар замин гарданкашӣ ва туғён кардааст ва дар ин роҳ буздилоне монанди ҳокимони кишварҳои ғарбӣ ва арабӣ ӯро ёрӣ карданд, албатта ӯ онҳоро заъиф шуморида ва ба зиллат кашондааст ва дар онон ҷуръат, шаҳомат, шуҷоат ва иззате наёфтааст. Қуръон ононро ин гуна тавсиф мекунад: «Ва (муҳри) зиллат ва мискинат, бар пешонии онҳо зада шуд; ва боз гирифтори хашми Худоӣ шуданд» (Бақара 2:61).

Гарданкашӣ ва такаббури ӯ ба хотири ин ки касе дар муқобили ӯ истодагӣ накардааст фузунӣ ёфта ва бо гумони ботил ҷуръат кардааст, ки муқаддастарин ва покдоштарин шахсияти динӣ ва қалъаи марҷиъиятро таҳдид кунад ва гумон кардааст, ки метавонад дасти олудаи худро ба самти Имом Хоманаӣ (рӯҳӣ фидоҳ) дароз кунад.

Эй Фиръавни охируззамон! Оё намедонӣ, ки ин маърака бозофаринии набардҳои таърихии гузашта аст? Худованди мутаол мефармояд: «Ва Фиръавн гуфт: «Бигузоред Мӯсоро бикушам, ва ӯ Парвардигорашро бихонад (то наҷоташ диҳад)! Зеро ман метарсам, ки ойини шуморо дигаргун созад, ва ё дар ин сарзамин фасод барпо кунад!» (40:26) Мӯсо гуфт: «Ман ба Парвардигорам ва Парвардигори шумо паноҳ мебарам аз ҳар мутакаббире, ки ба рӯзи ҳисоб имон намеоварад!» (Ғофир 40:26-27).

Раҳбари мо (дам зиллуҳу) пеш аз ин дар ҳузури ҷамъе аз фармондеҳони Сипоҳ фармуда буд, ки ман бо ирода ва тасмими қотеъ ин набардро то марҳилаи охир идома хоҳам дод ва бо басират ва суботи комил хитоб ба Амрико гуфт: «Инна маъия Раббӣ» «Яқинан Парвардигорам бо ман аст» (Шуъаро 26:62).

Касе, ки Худованд бо ӯст қатъан пирӯз аст.

Бо ин вуҷуд ман аз ҳама муҳофизони дин ва фарзандони ислом дар шарқ ва ғарби замин ва бавижа ҳавзаҳои илмия ва мароҷиъи изом тақлид (домат ифозотуҳум) дархост дорам, ки ин амали вақеҳона, ки қобили сукут ва бахшиш нест, маҳкум кунанд.

Уммати исломӣ бояд дар ин ҷанги муқаддас, ки тавассути салибён, саҳюнизми масеҳӣ ва яҳудиён ба Эрон таҳмил шуда, ҳамбастагии худро бо Ҷумҳурии исломӣ эълом кунанд.

Ва ҳар касе бо истифода аз имконоти худ ва ба коргирии фазои маҷозӣ ва баргузории таҷаммуъоти фарҳангӣ-басиратӣ, уммати исломиро дар арсаҳои расонаӣ ва маънавӣ басиҷ кунанд. Бидонед, ки пирӯзие, ки Худованд ба мо ваъда додааст, бисёр наздик аст: «Пирӯзӣ танҳо аз ҷониби Худованди тавонои ҳаким аст!» (Оли Имрон 3:126).

Your Comment

You are replying to: .
captcha