Ба гузориши Порс-Тудей, ба нақл аз Ирна, пешниҳоди марбут ба барафроштани парчами Фаластин дар Созмони Ҷаҳонии Беҳдошт аз сӯи кишварҳое чун Чин, Покистон, Арабистони Саудӣ ва шуморе дигар ироа шуда буд ва дар муқобил чаҳор кишвар, аз ҷумла Маҷористон, ҷумҳурии Чехия, Олмон ва режими саҳюнистӣ бо он мухолифат карданд.
Ин тасмим дар ҳоле гирифта шуда ки гумоназаниҳое дар бораи эҳтимоли шиносоии расмии кишвари Фаластин аз сӯи Фаронса афзоиш ёфтааст. Ҳамчунин ин иқдом дар идомаи раванди талошҳои муваффақи фаластиниён барои касби ҷойгоҳҳои байналмилалӣ, аз ҷумла дастёбӣ ба узвият дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид дар соли гузашта сурат мегирад.
Иброҳим Хариша, сафири Фаластин дар мақари аврупоии Созмони Милали Муттаҳид дар Женева ин иқдоми намодинро нишонае аз ҷойгоҳи Фаластин ба унвони бахше аз ҷомеаи байналмилалӣ донист.
Сафири Фаластин дар мақари аврупоии Созмони Милали Муттаҳид дар Женева ибрози умедворӣ кард, ки Фаластин дар ояндае наздик битавонад узвияти комили Созмони Ҷаҳонии Беҳдошт ва соири ниҳодҳои Созмони Милали Муттаҳидро низ ба даст оварад.
342/
Your Comment