Ба гузориши Хабаргузории Байналмилалии Аҳли Байт (а) – Абна – дар идомаи сафари илмӣ ва зиёратии Оятуллоҳи Аъзам Абдуллоҳ Ҷаводӣ Омулӣ ба Ироқ, ӯ бо ҳузур дар шаҳри муқаддаси Наҷаф бо Оятуллоҳи Аъзам Сайид Алӣ Систонӣ дидор кард. Ин мулоқот, ки дар фазои самимиву маънавӣ сурат гирифт, ба гуфтугӯ дар бораи масоили муҳими динӣ, фарҳангӣ ва иҷтимоии ҷаҳони ислом бахшида шуд.
Оятуллоҳ Ҷаводӣ Омулӣ дар ин мулоқот бо таҷлил аз мақоми илмиву маънавии Оятуллоҳ Систонӣ, нақши беназири ӯро дар ҳифзи ваҳдати уммати исломӣ ва ҳидояти ҷомеаҳои шиъӣ ситоиш кард. Оятуллоҳ Систонӣ низ бо изҳори хушнудӣ аз ин дидор, аз хидматҳои илмиву тафсирии Оятуллоҳ Ҷаводӣ Омулӣ қадрдонӣ намуд.
Дар ин мулоқот, Оятуллоҳ Ҷаводӣ Омулӣ як давраи комили тафсири арзишманди худ, Тасним, ки шомили 80 ҷилд аст, ба Оятуллоҳ Систонӣ тӯҳфа кард ва ҷилди ҳаштодуми онро шахсан ба эшон тақдим намуд. Оятуллоҳ Систонӣ бо эҳтироми хос ин асарро қабул карданд ва аз ин талоши чилсола таҷлил ба амал оварданд.
Оятуллоҳ Систонӣ бо ситоиши ин асар, тафсири Тасним-ро ифтихоре барои шиъа донистанд ва бо таъкид бар меҳварии Қуръон дар улуми динӣ гуфтанд: "Ривоятҳои Аҳли Байт (а) бояд ба Қуръон арза шаванд ва танҳо дар сурати мутобиқат бо Қуръон, қобили истинод ва амал мебошанд."
Эшон ҳамчунин бо таъкид бар ваҳдати ҳавзаҳои илмияи ҷаҳони тасайюъ гуфтанд: "Нигоҳи мо ба ҳавзаи илмияи Қум ҳеҷ тафовуте бо нигоҳи мо ба ҳавзаи Наҷаф надорад ва дар ҳадди тавон, барои ҳар ду ҳавза хидмат хоҳем кард."
Эшон бо ишора ба ошноии қаблии худ бо осор ва шахсияти илмии Оятуллоҳ Ҷаводӣ Омулӣ афзуданд: "Мо тавсифоти шумо ва осори илмиятонро бисёр шунида будем, аммо шунидан куҷо ва дидан куҷо!"
Дар бахши дигаре аз ин мулоқот, Оятуллоҳ Ҷаводӣ Омулӣ бо таҷлил аз мақоми Оятуллоҳ Систонӣ гуфтанд: "Шумо барои шиъаён ва мардуми Ироқ чун падарӣ меҳрубон ва дилсӯз ҳастед; вуҷуди шумо неъмати бузурге барои ҷаҳони ислом аст."
Эшон ҳамчунин нақши марҷаъият дар ҳифзи низоми иҷтимоии Ироқ ва муқобила бо ҷараёнҳои такфирӣро таърихӣ ва мондагор тавсиф карда ва афзуданд: "Ҳавзаи Наҷаф, чӣ бо восита ва чӣ бидуни восита, маншаъи хайроти азиме барои уммати исломӣ будааст."
Ин мулоқот бо истиқбол ва таваҷҷуҳи расонаҳо ва маҳофили ҳавзавӣ мувоҷеҳ шуда ва аз он ҳамчун гоми муҳиме дар роҳи ҳамгароии илмӣ ва ваҳдати мароҷеъи динӣ ёд шудааст.
Your Comment