Ба гузориши “Порс-Тудей”, дар ин маросим, ки бо ҳузури Паймони Ҷибилӣ, раиси Созмони садо ва симо баргузор шуд, Ал-Хатиб бо ишора ба муқовимати қаҳрамононаи мардуми Фаластин дар борикаи Ғазза гуфт: “Мо дар хати муқаддами набарди расонаӣ зидди саҳюнистҳо истодаем ва то озодии комили Фаластин аз пой нахоҳем нишаст”.
Ал-Хатиб бо таъкид бар моҳияти ҳуқуқии набарди Фаластин бо ишғолгарону ифшои ҷиноёти ҷангии режими саҳюнистӣ дар борикаи Ғазза, аз расонаҳои эронӣ барои ҳамбастагӣ бо мардуми мазлуми Фаластин қадрдонӣ кард.
Хабарнигори фидокори радиои “Имон” бо ишора ба муҳосираи расонаии борикаи Ғазза гуфт: “Ҳар рӯз бо хатари шаҳодат кор мекунем, аммо то замоне ки як кӯдаки фаластинӣ зинда аст, достони муқовиматро ривоят хоҳем кард. Имрӯз Ғазза сангари озодии Қудс аст”.
Ҷибилӣ ҳам бо қадрдонӣ аз хабарнигори фидокори радиои “Имон” гуфт: Радиоҳои муқовимат дар шароите, ки расонаҳои ғарбӣ саъй дар сонсури воқеиятҳо доранд, ҳақоиқро ба ҷаҳониён мунтақил мекунанд.
Раиси Созмони садо ва симои Ҷумҳурии исломии Эрон афзуд: Садо ва симо бо тақвияти ҳамкориҳои расонаӣ бо шабакаҳои муқовимат, ба вижа дар Ғазза ва Лубнон, ба пӯшиши густардатари зулмҳои режими саҳюнистӣ идома хоҳад дод.
Радиои “Имон” аз маъдуд расонаҳои фаъол дар борикаи Ғазза аст, ки таҳти шадидтарин ҳамалоти режими саҳюнистӣ ба кори итилоърасонии худ идома медиҳад.
Your Comment