Ба гузориши Порс Тудей ба нақл аз ИСНА, рӯзномаи New York Times бо ишора ба таърих дар муқаддамае дар бораи хабарҳо перомуни барномаи Трамп барои номи Халиҷи Форс менависад: Паҳнаи обии фирӯзаранг ҳаддиақал аз соли 550 қабл аз милод, замонӣ, ки силсилаи порсии Куруши Кабир бар императорие ҳукумат мекард, ки аз Ҳинд то лабаҳои Аврупои Ғарбӣ имтидод дошт, «Халиҷи Форс» номида шудааст. Ин рӯзномаи амирикоӣ дар идома бо ҷаълӣ хондани тағйири номи Халиҷи Форс, афзӯда, Эрони бостон акнӯн Эрон модерн аст ва тамоми савоҳили ҷанубии он дар имтидоди Халиҷи Форс имтидод дорад.
Ин рӯзномаи амрикоӣ бо баёни инки «давлатҳои Эрон ҳатто қабл аз Инқилоби Исломӣ, қотеъона аз Халиҷи Форс ба унвони танҳо номи машрӯъи ин паҳнаи обӣ дифо кардаанд», менависад: “Эрониёни дохилу хориҷ аз кишвар низ ҳамин назарро доранд ва ин номро бахши аслии ҳувияти миллӣ ва фарҳангии худ медонанд. Бо пешниҳоди тағйири ном, Трамп як корро ба суҳӯлат мумкин кард: Намоиши иттиҳоди эрониён аз ҳамаи ҷиноҳҳои сиёсӣ, идеологӣ ва мазҳабӣ. Онҳо дар баёнияҳо ва паёмҳои расонаҳои иҷтимоӣ, иддеаи Трампро маҳкӯм карданд”.
Эрониён чӣ гуна вокуниш нишон доданд?
Иддеаи Трамп бо маҳкӯмияти ҳамаи эрониён аз ҳар тайфе мувоҷеҳ шуда, ҳатто касоне, ки дар мавриди бархе мавзуот ихтилофи назар доранд.
Тураҷи Дарёӣ, муарриху мудири Маркази мутолиоти форсӣ дар донишгоҳи California-Irvine гуфт: «Ин мавзӯ фаротар аз сиёсат аст; фаротар аз ихтилофоти мазҳабӣ ва идеологияҳо аст - ин мавзӯ марбӯт ба миллат ва таърих аст ва ба хубӣ мавриди таваҷҷуҳи қарор гирифтааст. Оё Трамп мехоҳад бо Эрон музокира кунад ё мехоҳад ҳувияти миллии онро аз байн бибарад?»
Вай таъкид дорад, ки аз замонҳои қадим, эрониён аз кишвари худ ба унвон «обу хок» ном мебаранд. 2 паҳнаи обӣ: Халиҷи Форс дар ҷанубу Дарёи Хазар дар шимол - дар хуни эрониён ба унвони намодҳои миллият, амиқан дарҳам танида шудаанд.
Аҳмади Зайдободӣ, таҳлилгари сиёсӣ дар Теҳрон ҳам дар паёме дар Х навишт: «Фақат ба хотири орзӯҳо ва ҳавасҳои Трамп, Халиҷи Мексика ба Халиҷи Амрико табдил нахоҳад шуд, Канада ба Иёлоти муттаҳида мулҳақ нахоҳад шуд, Гренландия ба моликияти Иёлоти муттаҳида дар нахоҳад омад ва Халиҷи Форс номи ҷаълӣ нахоҳад гирифт».
Тими миллии футболи Эрон низ бо нақшае аз Халиҷи Форс ва ҳаштаги пуртарафдор # ForeverPersianGulf дар сафҳаи расмии Инстаграми худ, ба ин мавзӯ вокуниш нишон дод.
Ҳатто чеҳраҳои мухолифи эронӣ низ норизоятии худро иброз карданд.
Таърихчаи Халиҷи Форс чист?
Номи «Халиҷи Форс» дар тӯли таърих дар нақшаҳо ва аснод, аз замони эрониёни бостон, ки императории онҳо бар бахши бузурге аз ҷаҳон тасаллут дошт, то юнониён ва британиҳо, мавриди истифода қарор гирифтааст.
Your Comment