10 Май 2025 - 20:58
Source: ABNA
Ҳушдор нисбат ба вуқӯи фоҷеаи инсонии наздик дар Навори Ғазза

Манобеи фаластинӣ аз вазъияти ногувор дар Ғазза хабар доданд, ки ҷони беш аз ду миллион фаластиниро дар маърази хатар қарор медиҳад.

Ба гузориши хабаргузории Абно, Ширкати Об ва Фозилиби Фаластин эълон кард: «Мо нисбат ба вуқӯи фоҷеаи инсонии наздик, ки ҷони беш аз 2 миллиону 300 ҳазор фаластинии сокини Навори Ғаззаро таҳдид мекунад, ҳушдор медиҳем. Ин вазъият натиҷаи фурӯпошии қариб комили хидматрасонии об ва фозилиб ба далели таҷовузоти бидуни танаффуси режими саҳюнистӣ аст.»

Дар баёнияи ин ширкат омадааст: «Режими саҳюнистӣ зерсохтҳоро хароб мекунад, барқро қатъ мекунад ва монеъ аз вуруди сӯхт ва ниёзҳои асосӣ мешавад, ки ин вазъият боиси таваққуфи қариб комили пешниҳоди хидматҳои обтаъминкунӣ шудааст. 85 дарсади тасисоти об ва фозилиби Навори Ғазза мутаҳаммили хисоратҳои сангин шудаанд ва миқдори истихроҷи об низ ба андозаи 70 то 80 дарсад коҳиш ёфтааст.»

Ширкати Об ва Фозилиби Фаластин изҳор кард: «Миёнаи истеъмоли сарикасии об ба 3 то 5 литр дар як рӯз коҳиш ёфтааст, ки хеле камтар аз ҳадди ақалли тавсияшуда аз сӯи Созмони Ҷаҳонии Беҳдошт барои ҳолатҳои изтирорӣ аст. Тасфияи фозилиб дар манотиқи масҷунӣ ва пур шудани ҳавзчаҳои сохташуда барои ҷамъоварии оби борон аз онҳо таҳдиде барои густариши бемориҳо дар сояи маҷбур шудани шаҳрвандон ба истифода аз обҳои шӯр ва ғайри қобили нӯш аст.»

Дар ин баёния омадааст: «Ин сиёсатҳои режими саҳюнистӣ нақзи ошкори ҳуқуқи башари байналмилалӣ, аз ҷумла муқаррароти Конвенсияи Чаҳоруми Женева ва тавофуқномаи ҷилавгирӣ аз иртикоби ҷиноятҳои наслкушӣ ва низ Манснамаи асосии Рим аст. Мо аз ҷомеаи байналмилалӣ мехоҳем амали фаврӣ барои қатъи таҷовузот, лағви муҳосира ва пуштибонӣ аз кадри фаннӣ анҷом диҳад ва аз талошҳои давлати Фаластин барои иҷрои тарҳҳои фавқулъода ва бозгардонидани зиндагӣ ба Навори Ғазза пуштибонӣ кунад.»

Ширкати Об ва Фозилиби Фаластин таъкид кард: «Мо ҳамчунин аз ҷомеаи байналмилалӣ мехоҳем ҳар чи зудтар ба таҷовузот ва иқдомоти ҳадафманди режими саҳюнистӣ поён диҳанд ва бо лағви муҳосира, заминаи воридоти лавозимоти об ва фозилиб ва пуштибонии фаврӣ аз кормандони бахши оби Ғаззаро фароҳам кунанд.»

Your Comment

You are replying to: .
captcha