Ба гузориши “Порс-Тудей, Исмоили Бақоӣ, сухангӯи Вазорати корҳои хориҷии Эрон субҳи рӯзи сешанбе ҳамлаҳои ваҳшиёнаи режими саҳюнистӣ ба марказҳо ва хаймаҳои гурезаҳои фаластиниро дар Ҷиболиё ва Хон Юнусро, ки сабаби кушта ва захмӣ шудани даҳҳо фаластинии бегуноҳ, аз ҷумла чанд кӯдаки ширхор шуд, шадидан маҳкум кард.
Бақоӣ нақзи густарда ва бесобиқаи ҳуқуқи башар дар Фаластини ишғолӣ тавассути режими саҳюнистиро ҳамчун тааррузи фоҳиш ба арзишҳо ва меъёрҳои асосии ҳуқуқи байналмилалӣ тавсиф кард.
Ӯ бо ёдоварии тааҳҳуди ҳуқуқӣ ва ахлоқии ҳамаи давлатҳо ва аз ҷумла Созмони Милали Муттаҳид барои пешгирӣ аз наслкушӣ ва ҳусули итминон аз риоят кардани меъерҳои ҳуқуқи башар, бар суръат бахшидан бар пайгирии парвандаҳои бозшуда дар назди Девони байналмилалии додгустарӣ ва Девони байналмилалии ҷиноятӣ алайҳи режими саҳюнистӣ ва мақомоти он барои ҷиноятҳои ҷангӣ, наслкушӣ ва ҷиноят зидди башарият таъкид кард.
Сухангӯи Вазорати корҳои хориҷии Эрон зимни ибрози ҳамбастагӣ бо мардуми мазлуми Фаластин, иқдоми муассири ҷомеаи ҷаҳонӣ ва кишварҳои минтақа барои таваққуфи фаврии ҳамалоти ҷинояткоронаи режими саҳюнистӣ ва ирсоли фаврии ғизо ва дору ба борикаи Ғазза, муохиза ва муҷозоти мақомоти ҷинояткори ин режим, хуруҷи комили ишғолгарон аз сарзаминҳои ишғолшуда ва чораандешӣ барои муқобила бо шароратҳои режими саҳюнистӣ алайҳи кишварҳои минтақа, аз ҷумла Сурия, Лубнон ва Яманро хостор шуд.
342/
Your Comment