13 Май 2025 - 23:12
Source: Parstoday
Ҳамдастӣ бо Тел-Авив дар айни иддаои бетарафӣ. Сингапур ду чеҳра дорад/ Ривоятн аз бархӯрд бо мунтақидини Исроил

Як пажӯҳишгари индонезияӣ аз сиёсатҳои давлати Сингапур дар қиболи Фаластин интиқод кард.

Пештар Сингапур дар талош буд то бо тасвиби қонуне эътирозоти донишгоҳӣ монанди тазоҳурот дар ҳимоят аз мардуми Ғаззаро маҳдудтар кунад. Гуруҳҳои ҳомии Фаластин дар Сингапур ин қонунро нигаронкунанда дониставу гуфтанд, ки ин лоиҳа метавонад алайҳи фаъолону озодихоҳон истифода шавад.

Ба гузориши “Порс-Тудей”, Муҳаммад Зулфиқори Раҳмат, пажӯҳишгари масоили Ғарби Осиё ва аз ҳомиёни Фаластин, дар мақолае дар “Мидел Ист Монитор” аз сиёсати давлати Сингапур дар қиболи Фаластин интиқод кард. Вай навишт: “Сингапур расман аз роҳи ҳалли дудавлатӣ ҳимоят мекунад, аммо равобити низомиву иқтисодии наздике бо Исроил дорад”.

Раҳмат таъкид кард, ин кишвар яке аз харидорони муҳими силоҳҳои исроилӣ аст ва фазои умумии он ба шиддат контрол шудааст.

Ба гуфтаи ин муҳаққиқи индонезияӣ, дар Сингапур ҳар гуна нақди сареҳ нисбат ба Исроил ё ҳимояти ошкор аз ҳуқуқи фаластиниён, ҳатто барои пажӯҳишгарони хориҷӣ, метавонад ба бозҷӯӣ ва маҳдудият мунҷар шавад.

Сингапур - саркӯбгари озодии баён дар мавриди Фаластин

Ин нависанда, ки акнун ба унвони устоди донишгоҳ дар Кореяи Ҷанубӣ машғули тадрис аст, бахши дигаре аз мақолаи худро ба таҷрибаи шахсиаш дар Сингапур, дар робита бо саркӯби ҳимоят аз Фаластин ихтисос додааст.

Вай навишт: “Дар соли 2023 иттифоқе барои ман рух дод, ки ҳаргиз дар кишваре монанди Сингапур интизорашро надоштам. На як бор, балки ду бор дар фурудгоҳи Чанги боздошт ва бозҷӯӣ шудам, он ҳам танҳо ба ҷурми он ки як пажӯҳишгару рӯзноманигоре ҳастам, ки дар бораи таҳаввулоти Ғарби Осиё, ба вижа масъалаи Фаластин менивисам. Ҳангоми транзит дар Сингапур, тавассути маъмурони амниятии ин кишвар мутаваққиф шудам. Онҳо гузарномаи маро баррасӣ карданду маро ба утоқе ҷудогона бурданд. Се маъмур, ки худро намояндагони амнияти миллии Сингапур муаррифӣ карданд, дар бораи савобиқам дар Ғарби Осиё, мақолотам ва далели тамаркуз бар масъалаи Фаластин пурсишҳои тӯлонӣ матраҳ карданд. Ҳатто телефони ҳамроҳамро тафаҳҳус карданд”.

Вай гуфт: “Пас аз соатҳо пурсишу посух озод шудам, аммо бо ин ҳушдор, ки дар мавриди ин иттифоқ чизе нанависам. Ҳафт моҳ баъд, дар сентябри соли 2023 ҳамин сенария такрор шуд. Ин бор ҳам ҳангоми транзит дар Сингапур, муҷаддадан бозҷӯӣ шудам. Ҳарчанд кӯтоҳтар, аммо бо ҳамон ҷиҳатгирӣ, яъне тамаркуз бар навиштаҳоям дар бораи Фаластин.

Сукут дар баробари ҷиноёти саҳюнистҳо алайҳи мардуми Ғазза, баробар бо ҳамроҳӣ

Муҳаммад Зулфиқор Раҳмат дар идомаи мақола афзуд: “Ман аз парвозҳои транзитӣ дар Сингапур иҷтиноб мекунаму даъватҳои илмӣ ба ин кишварро рад мекунам. Аммо сукут дар баробари чунин фишорҳоеро ҷоиз намедонам. Агар Сингапур мехоҳад ба унвони як қутби байналмилалӣ маврид эҳтиром бошад, наметавонад шаҳрвандони ҷаҳонро ба хотири навиштан дар бораи Фаластин муҷозот кунад”.

Фаластин тобу нест

Пажӯҳишгар ва рӯзноманигори индонезияӣ таъкид кард, Фаластин як тобу нест ва навиштан дар бораи он набояд ҷурм бошад.

Вай нисбат ба паёмадҳои густардатари муқобила ва сонсури садои мудофеони Фаластин дар саросари ҷаҳон ҳушдор доду хотирнишон кард, ки бояд бо ҳушёрӣ дар баробари ин саркӯбҳо истод.

Your Comment

You are replying to: .
captcha