Масъуди Пизишкиён, раисиҷумҳури Эрон, шоми якшанбе дар дидори ҳайати ҳукуматии Эрон бар азми давлат барои дифоъ аз дастовардҳои сулҳомези ҳастаӣ Эрон таъкид карду гуфт: "Мо метавонем шуморо итминон диҳем, ки Ҷумҳурии Исломии Эрон ҳеҷ гоҳ дар пайи дастёбӣ ба силоҳи ҳастаӣ набуд, нест ва нахоҳад буд." Ба гузориши Порс тудей, Пизишкиён дар ин дидор гуфт: "Мо барои он сӯҳбат мекунем, ки сулҳро мехоҳем, аммо баҳсе, ки дар мавриди тарки тамоми таъсисоти ҳастаии Эрон матраҳ шудааст, барои мо қобили қабул нест."
Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон дар идома бо баёни ин ки дастовардҳои донишмандони эронӣ дар заминаи энержии сулҳомези ҳастаӣ дар бахшҳои мухталиф, аз ҷумла тавлиди дору ва табобат, кишоварзӣ, муҳити зист ва саноеъ корбурд дораду афзуд: Мо ба фаъъолиятҳои сулҳомези ҳастаӣ башиддат пайгирӣ хоҳем кард.
Пизишкиён дар поёни суханронии худ гуфт: "Мо дунболи сулҳу амният дар минтақа ҳастем ва бовар дорем, ки кишварҳои минтақа бародаранд, дар сулҳу созиш бо ҳам зиндагӣ мекунанд ва зарурате нест, ки касе аз канори ҷаҳон биёяд ва барои мо коре кунад. Ин режими саҳюнистӣ аст, ки дар пайи эҷоди ноамнӣ ва нооромиҳо дар минтақа аст."
342/
Your Comment