18 Апрел 2025 - 21:04
Source: Parstoday
Имом Хоманаӣ: Ҷумҳурии исломӣ омодаи кумак ба Арабистони Саудӣ дар арсаҳои пешрафта аст

Тудей. Раҳбари инқилоби исломӣ таъкид карданд, иртиботи миёни Ҷумҳурии исломии Эрону Арабистон барои ҳар ду кишвар муфид хоҳад буд ва ду кишвар метавонанд такмилкунандаи якдигар бошанд.

Ба гузориши пойгоҳи иттилоърасонии дафтари Раҳбари инқилоби исломӣ, ҳазрати оятуллоҳ Хоманаӣ, Раҳбари инқилоби исломӣ рӯзи панҷшанбе дар дидори Холид бин Салмон, вазири дифои Арабистон, бо таъкид бар инки густариши равобити ду кишвар душманоне дорад, афзуданд: Бояд бар ин ангезаҳои душманона пирӯз шуд ва Ҷумҳурии исломии Эрон дар ин хусус омодаи ҳамкорӣ аст.

Эшон бо ишора ба бархе пешрафтҳои Эрон гуфтанд: Ҷумҳурии исломӣ омода аст дар ин арсаҳо ба Арабистони Саудӣ кумак кунад.

Раҳбари инқилоби исломӣ таъкид карданд: Ин ки бародарон дар минтақа бо ҳам ҳамкорӣ дошта бошанд ва ба якдигар кумак кунанд, бисёр беҳтар аз такя ба дигарон аст.

Холид бин Салмон, вазири дифои Арабистон ҳам бо ибрози хурсандии фаровон аз дидор бо Раҳбари инқилоби исломӣ гуфт: Бо дастури кори густариши равобит бо Эрон ва ҳамкорӣ дар тамоми заминаҳо ба Теҳрон сафар карда ва умедвор аст гуфтугӯҳои созандае анҷом шуда, равобити қавитар аз гузашта миёни Арабистону Ҷумҳурии исломии Эронро фароҳам кунад.

Вазири дифои Арабистони Саудӣ ҳамчунин паёми подшоҳи ин кишварро тақдими ҳазрати оятуллоҳ Хоманаӣ, Раҳбари инқилоби исломӣ кард.

Имом Хоманаӣ: Ҷумҳурии исломӣ омодаи кумак ба Арабистони Саудӣ дар арсаҳои пешрафта аст

Имом Хоманаӣ: Ҷумҳурии исломӣ омодаи кумак ба Арабистони Саудӣ дар арсаҳои пешрафта аст

Имом Хоманаӣ: Ҷумҳурии исломӣ омодаи кумак ба Арабистони Саудӣ дар арсаҳои пешрафта аст

Имом Хоманаӣ: Ҷумҳурии исломӣ омодаи кумак ба Арабистони Саудӣ дар арсаҳои пешрафта аст

Your Comment

You are replying to: .
captcha