Абдулборӣ Атвон, таҳлилгари аршади ҷаҳони араб рӯзи шанбе дар як мақолаи тафсилӣ дар вебгоҳи Раъй ал Явм дар бораи музокираи ғайримустақими Ҷумҳурии Исломии Эрон бо Амрико дар Уммон навишт: Эрон муваффақ шуд дар бозии «набарди иродаҳо», ки рӯзи шанбе дар пойтахти Уммон оғоз шуда, голи бузурге ба дарвозаи Амрико бизанад.
Ба гузориши Порс Тудей, Атвон афзуд: Ин муваффақият бо исрор бар «ғайримустақим» будани музокирот ба даст омад, мавзӯе, ки бархилофи хостаи тарафи амрикоӣ буд, ки музокироти «мустақим»-ро тарҷеҳ медод. Ин нуктае буд, ки Доналд Трамп дар конфронси хабарии муштарак бо нахуствазири Исроил, Бинямин Натаняҳу ба он ишора кард; изҳоре, ки мӯҷиби шигифтӣ ва ҳатто шоки Натаняҳу шуд.
Вай тасреҳ кард: Ҳайати амрикоӣ ба раёсати Steve Witkoff, мушовири Трамп дар ҳоле дар ин музокирот ширкат мекунад, ки аз мавзеъи тазъиф шуда ва шикананда ворид шудаанд; бавижа пас аз шикасти сиёсати Амрико дар таҳмили тарофаҳои гумрукӣ ба беш аз 200 кишвару ниҳод дар ҷаҳон, ки натиҷаи он инзивои Амрико ва ҳатто табдили муттаҳидони пешин ба душманони ҷадид, бавижа дар Аврупо ва ҷануби шарқи Осиё буд.
Атвон афзуд: Эрониҳо ба раҳбарии Аббоси Ироқчӣ, дипломати бособиқае, ки музокироти тавофуқи ҳастаии соли 2015 бо Гуруҳи 1 +5-ро низ ҳидоят карда буд, бо таҷриба ва маҳорате, ки дар фунуни музокира доранд, зери бори сиёсатҳои таҳдиду иръоби Трамп нарафтанд. Онҳо муваффақ шуданд тамоми шурӯти худро бар Амрико таҳмил кунанд; аз ҷумла маҳдӯд кардани музокирот ба мавзӯи ҳастаӣ ва напардохтан ба мавзӯъоте назири сомонаҳои мушакӣ, паҳподҳо, ё равобит бо гуруҳҳои муқовимат дар Ғазза, Лубнон, Яману Ироқ ва дар ниҳоят хостаи худро ба курсӣ нишонданд.
Вай ҳамчунин ақибнишинӣ аз таҳдид ба ҳамлаи низомии тамом айёр, аз сӯи Трампро ношӣ аз мавзеи қотеъи Эрон ва дар садри он раҳбари инқилоби исломӣ дар тақобул бо Амрико донист ва хотирнишон кард: Эрониҳо ба Трампе, ки дар соли 2018 як тарафа тавофуқи ҳастаиро пора кард, эътимод надоранд. Онҳо ба хубӣ медонанд, ки ӯ ба арӯсаки хаймашаббозии режими Исроил табдил шудааст.
Атвон тасреҳ кард: Амрико дар моҳҳои ибтидои раёсатҷумҳурии Трамп ба мазҳакае бузург дар саҳнаи ҷаҳонӣ табдил шуд ва ҷои тааҷҷуб нест, ки Эрону муттаҳидонаш имрӯз аз ин шароит баҳрабардорӣ карда, хушҳол ва ҳатто ба навъе шодмон бошанд. Ва ҳамонтавр, ки зарбулмасал мегуяд: «касе, ки охир механдад, беҳтар механдад» …Ва оянда равшан хоҳад кард, ки чӣ касе барандаи воқеии ин набард аст.
342/
Your Comment