8 Апрел 2025 - 20:16
Source: Parstoday
Ҷанги нобаробари Амрико ва муттаҳидонаш дар Яман, Муқовимат таваҳҳумоти мушовири амнияти миллии Амрикоро хокистар кард

Бо вуҷуди иддаои Майк Волтз, мушовири амнияти миллии Амрико дар бораи нобудии бахши зиёде аз зерсохтҳои таслеҳотӣ ва истеъдодҳои низомии муқовимати Яман аммо ҳамчунон қудрати оташи ин гуруҳ побарҷост.

Дар рӯзҳои поёнии фасли зимистон Доналд Трамп, раиси ҷумҳурии Амрико бо судури фармони расмӣ даври ҷадиди ҳамалот ба яке аз фақиртарин кишварҳои ҷаҳон, яъне Яманро оғоз кард. Арабистони Саудӣ ва Иморот низ, ки натавониста буданд пас аз ҳашт сол набард ба тамоми хостаҳои худ дар ҷабҳаи Яман даст ёбанд, сиёсати фишори иқтисодиро дар пеш гирифтанд. Дар вокуниш ба ин роҳбурд раҳбари Ансоруллоҳ таҳдид кард, ки агар кишварҳои арабӣ бихоҳанд низоми бонкиву сохтори молии Яманро ҳадаф қарор диҳанд, ин кишвар низ муқобилаи бамисл хоҳад кард.

Бозӣ бо оташ дар Яман

Ба гузориши “Порс-Тудей”, ба нақл аз хабаргузории “Меҳр”, пас аз судури дастури ҳамла ба Яман, артиши Амрико бонкӣ аз аҳдофи низомӣ, инсонӣ ва роҳбурдӣ аз Яманро мунташир кард, ки дар тирраси мошини ҷангии ин кишвар қарор доранд. Ҷуф, Имрон, Ҳудайда, Саъда ва Санъо, аз ҷумлаи шаҳрҳои бузурги Яман ҳастанд, ки ҳадафи ҳамлаи мошини ҷангии Амрико қарор гирифтаанд. Дар сӯи муқобил яманиҳо низ зимни ҳадаф қарор додани дубораи сарзаминҳои ишғолӣ ва ҷилавгирӣ аз убури киштиҳои саҳюнистӣ, дар иқдоме камсобиқа нови ҳавопаймобари Ҳари Труманро борҳо ҳадафи ҳамла қарор доданд.

Қудрати Яман ва меҳвари муқовимат барои бозёбии худ

Бо вуҷуди иддаои Майк Волтз, мушовири амнияти миллии Амрико дар хусуси нобудии бахши зиёде аз зерсохтҳои таслеҳотӣ ва истеъдодҳои низомии муқовимати Яман, аммо ҳамчунон қудрати оташи ин гуруҳ дар дарёи Сурх ва зидди сарзаминҳои ишғолӣ вуҷуд дорад ва бо қудрат ба маъмурияти динӣ - миллии худ идома медиҳад. Бархе таҳлилгарон муътақиданд, ҳадафи Амрико аз ин таҳоҷуми якҷониба намоиши қудрат ва дар айни ҳол расидан ба навъе тавофуқи оташбас бо Ансоруллоҳ аст. Ахиран раиси ҷумҳурии Амрико низ ба сурати талвеҳӣ эълом карда буд, ки шарти таваққуфи ҳамла ба Яман, поён ёфтани амалиёти дифоъ аз Ғазза тавассути Ансоруллоҳ дар маҳдудаи дарёи Сурх аст.

Нигоҳе ба сиёсати “Аввал Ховари Миёна”

Дар ҷараёни корзори таблиғотии интихоботи 2024-и Амрико, Доналд Трамп ба монанди даври нахусти раёсати ҷумҳурии худ саъй дошт то бо тамаркуз бар шиорҳое ҳамчун “Аввал Амрико” ё пружаи “Амрикои бузург” назари раъйдиҳандагони амрикоӣ, ба вижа табақаи мутавассити сафедпӯстро ҷалб кунад. Дунбол кардани сиёсати ихроҷи муҳоҷирони ғайриқонунӣ, радди идомаи ҷанг ва талош барои барқарории оташбас, сахтгирӣ дар қиболи марзи Мексика, ташдиди таниш бо аъзои бошгоҳи “Панҷ Ҷашм”, иддаои арзӣ нисбат ба Гренландия ва густариши доманаи ҷанги таърифаҳо ба Аврупо нишондиҳандаи навъе сиёсати хориҷии инзивоталабона аз сӯи давлати ҷадиди Амрико барои афзоиши қудрати иқтисодии ин кишвар ва тамаркуз бар парвандаи Чин буд.

Имрӯз новҳо, ҷангандаҳо ва неруҳои амрикоӣ дар маҳдудаи Индопосифик мустақар шудаанд то дар хидмати сиёсати таҳмилии “Аввал Исроил” бошанд!

342/

Your Comment

You are replying to: .
captcha