15 Апрел 2025 - 22:18
Source: Parstoday
Ҳамос: Аз пешниҳодҳо барои коҳиши ранҷи миллати Фаластин истиқбол мекунем; дархости халъи силоҳ ғайриқобили гуфтугӯ аст

Узви аршади Ҷунбиши муқовимати исломии Фаластин (Ҳамос) гуфт: Аз ҳар пешниҳоде барои коҳиши ранҷи миллати Фаластин истиқбол мекунем, аммо ончӣ Натанёҳу мехоҳад, таслим шудани Ҳамос аст.

Ба гузориши “Порс-Тудей”, Соми Абузуҳри дар гуфтугӯ бо шабакаи “Ал-Ҷазира” изофа кард: Дархости халъи силоҳи муқовимат ғайриқобили гуфтугӯ аст ва амалӣ нахоҳад шуд.

Вай афзуд, вуҷуди силоҳи муқовимат ба хотири вуҷуди ишғолгарӣ аст ва ин силоҳ барои дифоъ аз миллату ҳуқуқи он аст.

Вай баён кард, нахуствазири режими саҳюнистӣ барои ба шикаст кашондани ҳар гуна тавофуқ барои барқарории оташбас, шартҳои ғайримумкинеро таъйин кардааст.

Ӯ изҳор дошт, режими ишғолгар дар пешниҳоди ҷадиди худ ҳеҷ тазмине барои поён додан ба ҷанг ироа накарда ва фақат хостори озодии асирони худ аст.

Раиси доираи сиёсии ҷунбиши Ҳамос дар хориҷ аз Фаластин гуфт, мо омодагӣ дорем ҳамаи асирони саҳюнистро дар як марҳала дар қиболи барқарории оташбас ва ақибнишинии ишғолгарон аз борикаи Ғазза озод кунем.

Абузуҳри афзуд, Натанёҳу фақат ба фикри ояндаи сиёсии худ аст ва Трамп шарики ҷиноятҳои ӯ дар куштори сокинони борикаи Ғазза аст.

Вай изофа кард, дар ҳоли ҳозири ҳеҷ тамоси мустақиме бо давлати Амрико надорем.

Изҳороти Абузуҳри дар ҳолест, ки ҷунбиши Ҳамос рӯзи душанбе дар баёнияе эълом кард, ки раҳбарони ин ҷунбиш бо эҳсоси масъулияти боло, пешниҳоде ки аз тариқи миёнҷиҳо дарёфт кардааст, баррасӣ мекунанд.

Ҳамос афзуд, ба маҳзи поёни машваратҳои лозим, посухи худро дар зудтарин замон ироа хоҳем кард.

Ҷунбиши Ҳамос бори дигар бар мавозеи собиту усулии худ таъкид ва эълом кард, ки ҳар тавофуқе бояд шомили оташбаси доим, хуруҷи комили ишғолгарон аз борикаи Ғазза, мубодилаи воқеии асирон, оғози раванди ҷиддии бозсозии ончӣ ишғолгарон вайрон кардаанд ва поён додан ба муҳосираи золимона аз борикаи Ғазза бошад.

Ҳамос рӯзи гузашта эълом кард, ки ҳайати музокиракунандаи ин ҷунбиш ба раёсати Халил Ал-Ҳайя ба даъвати Миср ба Қоҳира сафар кардааст.

Ин ҷунбиш афзуд, ҳайати Ҳамос дар чорчӯби талошҳо барои дастёбӣ ба тавофуқи оташбас, бо миёнҷиҳои мисриву қатарӣ дидору ройзанӣ мекунад.

342/

Your Comment

You are replying to: .
captcha