Ба гузориши ИКНА ба нақл аз Yemen-Press, ин вазорат ҳамчунин роҳҳои мавҷуд барои сабти ном ва гирифтани навбат барои тазриқи ин ваксинаҳоро, инчунин барномаҳои мобилиеро, ки барои ин кор истифода мешаванд, тавзеҳ додааст.
Ин дастурамалҳои нав бо таваҷҷуҳ ба уҳдадории Вазорати беҳдошт ҷиҳати боло бурдани сатҳи муҳофизат аз зоирин бар зидди бемориҳои ҳамагир ва сироятӣ, ки метавонанд саломатии умумии мардумро дар ҷамъомадҳои бузурге чун маросими Ҳаҷҷи Таматтуъ таҳдид кунанд, пешниҳод шудаанд.
Вазорати Ҳаҷҷи Арабистон бар зарурати гирифтани ваксинаҳои ибтидоӣ аз сӯи зоирин пеш аз анҷоми маносики Ҳаҷҷ таъкид намудааст.
Ин ваксинаҳо муҳофизати ибтидоӣ алайҳи бемориҳои сироятиро таъмин мекунанд, ки ба осонӣ дар ҷойҳои серодам, чун мавсими Ҳаҷҷ, паҳн мешаванд.
Бар асоси эъломияи Вазорати беҳдошт, ҳар як зоир муваззаф аст, ки алайҳи бемориҳои муҳиме чун менингит, COVID-19 ва зукоми мавсимӣ (анфулензо) ваксина бигирад.
Ин вазорат ҳамчунин дастурамали тарзи сабти ном ва гирифтани навбат барои ваксинатсияро тавассути барномаи мобилии «Сеҳҳатӣ» (صحّتی) ирода кардааст. Ин барнома ба корбарон имкон медиҳад ба осонӣ замони тазриқи ваксинаро интихоб кунанд, дастрасӣ ба ваксинаҳоро осон мекунад ва тазмин медиҳад, ки ҳама зоирин пеш аз оғози мавсими Ҳаҷҷ ваксина гиранд.
Афроди муқими Арабистон метавонанд барои гирифтани навбат вориди барнома шуда ва ба бахши «Гирифтани навбат барои ваксина» муроҷиат кунанд.
342/
Your Comment