Ваҳиди Яздониён, раиси Пажӯҳишгоҳи фазоии Эрон рӯзи душанбе дар нишасти хабарӣ бо баёни инки умдаи фаъолиятҳои фазоии Эрон рӯзмарра ва корбурдӣ ҳастанд, афзуд: Фаъолиятҳои фазоии Эрон сулҳомез ва иқтисодӣ аст.
Ба гузориши “Порс-Тудей”, Яздониён афзуд, тамоми маҳсулоти фазоии Эрон бо талоши пажӯҳишгарони дохилӣ тавлид шудааст.
Вай дар бораи истифода аз ҳӯши маснуӣ дар санъати фазоии Эрон низ изҳор дошт, моҳвораҳои санҷишӣ, новбарӣ ва иртиботии дейтосатро тавлид мекунанд, ки лояи аввали ҳуши маснуӣ аст ва Эрон дар ин замина нақши фаъоле дорад.
Тавлиди 90 дарсади таҷҳизоти моҳвораӣ дар Эрон
Раиси Пажӯҳишгоҳи фазоии Эрон афзуд, беш аз 90 дарсади таҷҳизоти моҳвора ва зерсистемаҳои моҳвора дар дохили Эрон тавлид мешавад ва мобақии таҷҳизот, яъне 10 дарсад аз хориҷ таъмин мешавад, ки ин воридот ба маънои надоштани дониши фаннӣ нест, балки дониши он дар кишвар вуҷуд дорад, вале ба унвони пуштибон аз он истифода ва аз хориҷ ворид мешавад.
Тавсеаи дипломатияи фазоӣ
Яздониён бо таъкид бар инки Эрон чанд сару гардан дар заминаи фазоӣ аз кишварҳои ҳамсоя болотар аст, афзуд: Бо тавсеаи дипломатияи фазоӣ омодагӣ дорем то фанноварӣ ва донишро ба кишварҳои ҳамсоя мунтақил кунем, яъне омодагии ироаи хадамот дар заминаи сохти моҳвораро дорем то нишон диҳем, ки фаъолиятҳои фазоии Эрон дар ҷиҳати сулҳу иртиқои рифоҳ ва тавсеаи иқтисодии кишварҳои минтақа аст.
Ҳазинаи арзони истифода аз хадамоти моҳвораҳои эронӣ
Раиси Пажӯҳишгоҳи фазоии Эрон бо таъкид бар инки ҳазинаи истифода аз хадамоти моҳвораҳои ин маҷмӯа, аз ҷумла “Хайём” бисёр кам аст, гуфт: Нархи тасовири моҳвораи “Хайём” дар ҳар километри мураббаъ ҳудуди 2 доллар аст, дар ҳоле ки моҳвораҳои хориҷӣ дар ҳар километри мураббаъ 10 доллар аст.
342/
Your Comment