8 Апрел 2025 - 20:15
Source: Parstoday
Сабти рекорди ҷадиди содироти нафти Эрон; Эъломи қиммати расмии фурӯши нафти Ҷумҳурии Исломии Эрон

Торномаҳои байналмилалии радёбии нафткашҳо аз рекордшикании содироти нафти Эрон ба Чин хабар доданд.

Доналд Трамп, раисиҷумҳури Амрико ба тозагӣ теъдоде аз нафткашҳое, ки нафти Эронро ба банодири Чин мерасонданд, таҳрим кард, аммо ин иқдом токунӯн ба натиҷе нарасидааст.

Ба гузориши Порс Тудей, Муассисаи S&P  рӯзи шанбе гузориш дод, ки содироти нафти Эрон ба Чин дар март ба як миллиону 910 ҳазор бушка дар рӯз расид.

Ҳоло Kepler фош кард, ки банодири Чин ҳамчунон ба тахлияи нафт аз нафткашҳои таҳрим шуда идома медиҳанду ҳаддиақал якмиллмон тон аз 8 миллион тонн воридоти моҳи март аз тариқи 10 нафткаши таҳрим шуда, ки бархе аз онҳо қаблан нафти хоми Русияро ҳамл мекарданд, вориди Чин шудааст.

Эъломи қимати расмии фуруши нафти Эрон дар апрел

Хабари дигар инки қимати фуруши анвоъи нафти хоми Эрон дар чаҳорумин моҳи соли 2025 аз сӯи Ширкати миллии нафти Эрон эълом шуд, бар ҳамин асос «нафти хоми сабуки Эрон» дар бозорҳои шимоли ғарби Аврупо ва Африқои Ҷанубӣ дар моҳи апрел, 1.75 доллар болотар аз қимати нафти бренти Дарёи шимол арза мешавад, ҳамчунин «нафти хоми сангини Эрон» дар ин бозорҳо тайи ин моҳ, 5 сент поинтар аз ин шохис қиматгузорӣ шудааст. Қимати «нафти фурӯзони Эрон» низ дар ин бозорҳо 5 сент болотар аз нафти брент арза мешавад. Бо таваҷҷуҳ ба инки қимати пояи нафти хом дар Ғарби Осиё, миёнгини қимати нафти хоми Уммон/ Дубай аст, қимати «нафти сабуки Эрон» барои арза дар бозори Осиё дар апрели 2025, 3.95 доллар болотар аз қимати поя (қимати нафти хоми Уммон/ Дубай) хоҳад буд.

Лузӯми пойбандӣ ба сатҳи тавлиди нафти Опек+

Муҳсини Покнажод, вазири нафти Эрон рӯзи шанбе дар 50-умин нишасти видеоконфронси Кумитаи муштараки назоратии Опек+ ( JMMC) гуфт: Ҷаҳони имрӯз бо ибҳомоти мутааддиде, аз ҷумла таъсири эъмоли тарофаҳои тиҷорӣ бар иқтисоди ҷаҳон, тағйири занҷираи таъмин ва танишҳои геополитӣ мувоҷеҳ аст. Бо ин ҳол, заминаҳое барои хушбинӣ низ вуҷӯд дорад. Покнажод тасреҳ кард: Назорати муассир бар иҷрои тасмимҳои Опек+ ва пайбандӣ ба сутӯҳи тавлиди тавофуқ шуда дар ин шароити ҳассос барои тавлидкунандагон ва масрафкунандагони нафт ва дар маҷмӯи иқтисоди ҷаҳон бисёр ҳаётӣ аст.

342/

Your Comment

You are replying to: .
captcha