Ба гузориши хабаргузории Абно ба нақл аз шабакаи Ал-Маёдин, як манбаи баландпояи амниятии минтақавӣ эълом кард, ки ҳамлаи паҳпод ба Кувайт бахше аз он чизест, ки вай «амалиёти парчами дурӯғ» бо ҳадафи муттаҳам кардани Эрон тавсиф кард.
Ин манбаъ таъкид кард, ки Теҳрон одатан амалиёти низомии худро бо шаффофият ва ба сурати расмӣ эълон мекунад ва масъулияти онро мепазирад; аммо нуктаи қобили таваҷҷуҳ дар ин ҳодиса, радди расмии ҳар гуна нақши Эрон дар ҳамлаи мазкур аст.
Ин манбаи минтақавӣ афзуд: «Баррасии андозаи ҳодисаи Кувайт нишон медиҳад, ки эҳтимол дорад ин иқдом дар ростои ҳадафҳои режими сионистӣ бошад; зеро радди масъулияти ҳамла аз ҷониби Вазорати корҳои хориҷӣ ва Қувваҳои мусаллаҳи Эрон ба ин маъност, ки бо иқдоми аз пеш тарҳрезишуда ва бо ҳадафҳои харобиовар рӯ ба рӯ ҳастем.»
Your Comment