25 Июн 2025 - 13:04
Source: ABNA
Ҳалокати 7 сарбози дигари саҳюнист дар навори Ғазза

Ҳафт низомӣ аз нерӯҳои баталёни 605 артиши режими саҳюнистӣ ба ҳалокат расиданд.

Ба гузориши хабаргузории байналмилалии Аҳли Байт (а) — Абно — радиои артиши режими саҳюнистӣ аз ҳалокати ҳафт сарбоз аз баталёни муҳандисии размии 605 ин артиш дар навори Ғазза хабар дод, пас аз он ки нафарбари зиреҳпӯши ҳомили онон дар шарқи шаҳри Хонюнус дар навори Ғазза ҳадафи нерӯҳои муқовимати Фаластин қарор гирифт.

Бар асоси таҳқиқоти аввалияи Исроил, инфиҷор ҳудуди соати 17:30 бегоҳии дирӯз замоне рух дод, ки яке аз муборизони Фаластинӣ ба нафарбар наздик шуд ва бомби дастсозро ба он часпонд. Инфиҷори ин бомб боиси шуълавар шудани оташ дар дохили василаи нақлиёт шуд ва нафарбар ба таври комил дар оташ сӯхт.

Артиши режими саҳюнистӣ эълом кард, ки тимҳои оташнишонии низомӣ дар маҳал ҳозир шуданд ва талоши густардае барои маҳори оташ анҷом доданд. Онҳо ҳатто аз булдузери низомии навъи D-9 барои рехтани рег бар рӯи нафарбар истифода карданд, аммо ҳамаи талошҳо бенатиҷа монд.

Бар асоси дастуроти майдонӣ, тасмим гирифта шуд, ки нафарбар ба дохили сарзаминҳои ишғолӣ мунтақил шавад, аз тариқи ҷодаи Салоҳуддин, дар ҳоле ки ҳар ҳафт сарбоз ҳамчунон дохили он боқӣ монда буданд.

Пас аз расидан ба дохили манотиқи ишғолии Фаластин, тимҳои оташнишонӣ саранҷом муваффақ ба хомӯш кардани оташ шуданд, аммо сарбозон ҳамагӣ ба ҳалокат расида буданд.

Радиои артиши режими саҳюнистӣ таъйид кард, ки амалиёти шиносоии ҳувияти кушташудагон соатҳо ба тӯл анҷомид ва хонаводаҳои онон шаби гузашта аз мавзӯъ мутталеъ шуданд.

Your Comment

You are replying to: .
captcha