Ба гузориши Порс Тудей ба нақл аз Идораи кулли иттилорасонӣ ва умури сухангуи вазорати умури хориҷа, Исмоили Бақоӣ, сухангӯи вазорати умури хориҷаи Эрон хитоб ба мақомоти олмонӣ гуфт: Воқеиятҳои таърихро ба хотир дошта бошед; Олмон ду ҷанги ҷаҳониро шуълавар кард, аммо эрониён бо ҳиси инсондӯстӣ ба яҳӯдиёне, ки аз ҳамалоти Ҳитлер фирор мекарданд, паноҳ доданд.
Аз бозмондагони паноҳндагони полшавӣ – фаронсавӣ, ки гузарномаи эронӣ гирифтанд то аз дасти Ҳитлер дар амон бошанд, савол кунед.
Бақоӣ афзуд: Касоне, ки ҳамеша дар самти иштибоҳи таърих истодаанд, акнӯн беҳтар аст сукут кунанд.
Вазири умури хориҷаи Олмон пас аз дидор бо Файсал бин Фараҳон, вазири умури хориҷаи Арабистон дар Риёз дар изҳороте муддаӣ шуд, ки барномаи ҳастаии Ҷумҳурии Исломии Эрон на фақат режими Исроил, балки Арабистони Саудӣ ва суботи кулли минтақаро таҳдид мекунад.
Бақоӣ ҳамчунин дар вокуниш ба изҳороти раисҷумҳури Фаронса пас аз тамоси телефониаш бо раисиҷумҳури Эрон ин изҳоротро шармовар хонд ва ин ҳаҷм аз риёкориро ҳайратангез баршумурд.
Бақоӣ дар вокуниш ба изҳороти мудохилаҷӯёнаи раисиҷумҳур Фаронса гуфт: Шармовар аст, Исроил таъсисоти ҳастаии сулҳомезро ҳадаф қарор медиҳад, хонаҳоро бомбаборон мекунаду эрониёнро бо хунсардӣ ва дар нақзи ошкори қавонини байналмилалӣ мекушад, дар ҳамин ҳол, раисиҷумҳури Фаронса тасмим мегирад барномаи ҳастаии Эронро таҳриф кунад.
Эммануел Макрон, раисиҷумҳури Фаронса пас аз гуфтугуи телефонӣ бо Масъуди Пизишкиён, раисиҷумҳури Эрон дар паёме ба забони форсӣ навишт: Аз раисиҷумҳури Эрон даъват кардааст, ки ҳарчӣ сареътар ба мизи музокирот бозгардад.
342/
Your Comment