15 Июн 2025 - 13:31
Source: Parstoday
Минтақаҳои истиқоматӣ ва ғайринизомӣ, ҳадафи аввали режими саҳюнистӣ дар Эрон

Режими саҳюнистӣ шомгоҳи шанбе бархе минтақаҳои истиқоматӣ ва ғайринизомиро дар Эрон ҳадаф қарор дод.

Режими саҳюнистӣ дар 24 соати гузашта ба чанд сохтумони маскунӣ дар Теҳрон ва шаҳрҳои мухталифи Эрон ҳамла кард, ки падофанди ҳавоии Ҷумҳурии Исломии Эрон бо бисёре аз онҳо муқобила кард.

Ба гузориши Порс Тудей, дар ҳамлаи шомгоҳи шанбеи режими саҳюнистӣ ба Теҳрон, чанд хонаи истиқоматӣ хисорат дид ва чанд зану кӯдак ҳам захмӣ шуданд.

Манотиқи Нормак, Навбунёд, Замзам, Шаҳрон, шаҳри Рай аз ҷумла манотиқе буданд, ки ҳадафи ҳамалоти режими саҳюнистӣ қарор гирифтанд.

Дар яке аз муҳимтарин аҳдоф, анбори нафти Шаҳрон дар ғарби Теҳрон ҳадафи ҳамла қарор гирифт. Дар ин маҳал, оташсӯзии маҳибе рух дод, аммо ба суръат неруҳои имдодӣ ва амалиётӣ вориди амал шуданд. Бар асоси гузоришҳо, сатҳи сӯхти захира шуда дар ин анбор поин буда ва шароит ба суръат таҳти кантрол даромад. Як махзани сӯхти дигар дар ҷануби Теҳрон низ ҳадафи ҳамла қарор гирифт. Дар ҳар ду маврид, бино бар эъломи манобеи расмӣ, амалиёти итфои ҳариқ ва эминсозӣ бо муваффақият анҷом шуда ва баррасии дақиқи хисорот дар ҳоли анҷом аст.

Ҳамчунин сомонаҳои падофанди ҳавоии Эрон дар шаҳрҳое монанди Бандар Аббос, Хуррамобод, Табрез, Машҳад, Шерозу Исфаҳон фаъол шуданд ва бархе манобе аз инҳидоми парандаҳои ношинос дар ин манотиқ хабар доданд.

Ба гуфтаи манобеи масъули эронӣ, бо вуҷӯди шиддати ҳамалоти режими саҳюнистӣ ба манотиқи маскӯнӣ ва ғайринизомӣ, вазъият батаври комил таҳти кантрол аст ва неруҳои имдодӣ ва амниятӣ дар маҳал мустақар шудаанду падофанди ҳавоӣ ба таври мудовим ба дафъи бисёре аз ҳамалоти ҳавоӣ пардохтааст.

Гуфтанист, дар ҳамлаи шомгоҳи ҷумъаи режими саҳюнистӣ ба шаҳраки маскӯнии шаҳид Чамрони Теҳрон, 60 нафар аз сокинони сохтумони 14 табақа, ба шаҳодат расиданд, ки 20 кӯдак дар миёни шуҳадо қарор доранд.

Your Comment

You are replying to: .
captcha