30 Май 2025 - 22:29
Source: Parstoday
Пешниҳоди муовини аввали раиси Ҷумҳурии исломии Эрон ба Тоҷикистон барои ташкили гуруҳи муштараки фарҳангу тамаддуни порсӣ

Муовини аввали раиси Ҷумҳурии исломии Эрон зимни таъкид бар аҳамияти пайвандҳои амиқи фарҳангӣ, таърихӣ ва забонии Эрону Тоҷикистон пешниҳод кард, гуруҳи олии муштараки забон, адабиёт, фарҳанг ва тамаддуни порсӣ бо ҳузури андешамандони ниҳодҳои фарҳангӣ ва маҷомеи илмии ду кишвар ташкил шавад.

Ба гузориши Порс-Тудей, ба нақл аз Хабаргузории садо ва симо, Муҳаммадризо Ориф, муовини аввали раиси Ҷумҳурии исломии Эрон рӯзи панҷшанбе дар нишасти муштараки ҳайатҳои олирутбаи Эрону Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе, бо таъкид бар аҳамияти пайвандҳои амиқи фарҳангӣ, таърихӣ ва забонии Эрону Тоҷикистон гуфт: Кумитаи олии муштараки забон, адабиёт, фарҳанг ва тамаддуни порсӣ бо ҳузури андешамандони ниҳодҳои фарҳангиву маҷомеи илмии ду кишвар ташкил шавад то зимни муқобила бо раванди ҳувиятзудоӣ, зарфиятҳои мардумони Эрону Тоҷикистон ва соири алоқамандон ба фарҳанги порсӣ дар саросари ҷаҳонро дар ин масир сомондиҳӣ ва тақвият кунад.

Муовини аввали раиси Ҷумҳурии исломии Эрон бо баёни ин ки Тоҷикистон барои Эрон ҳамонанди ватани дувум аст, афзуд, яке аз мазиятҳои равобити Ҷумҳурии исломии Эрон бо Тоҷикистон, ҳамҷаворӣ ва ҳузур дар як минтақаи тамаддунии воҳид аст, ки ин амр заминасози тасҳилу тавсеаи равобити ду кишвар дар се даҳаи гузашта то ба ин рӯз будааст.

Ориф бо ишора ба сафарҳои дипломатии мақомоти аршади тоҷикистонӣ ба Эрон афзуд, дар сафари ахири Масъуди Пизишкиён, раисиҷумҳури Эрон ба Тоҷикистон, нишасти тиҷорӣ миёни фаъолони иқтисодии ду кишвар баргузор шуд ва теъдоди 13 санади ҳамкорӣ ба арзиши беш аз 450 миллион доллар байни корофаринони ду кишвар ба имзо расид.

Муовини аввали раиси Ҷумҳурии исломии Эрон ҳамчунин бо ишора ба иҷрои мусаввабаи лағви раводид миёни ду кишвар, таъкид кард, пас аз иҷрои ин мусавваба ҳаҷми сафарҳои гардишгарӣ байни ду кишвар афзоиши қобили таваҷҷуҳе доштааст.

Нахуствазири Тоҷикистон низ дар ин дидор бо қадрдонӣ аз талошҳои Ҷумҳурии исломии Эрон барои иҷрои тавофуқоту тафоҳумоти имзошуда дар сафари руасои ҷумҳури ду кишвар таъкид кард, азму иродаи росихи Ҷумҳурии исломии Эрон барои тақвияти равобит бо Тоҷикистон, нишонаи равобити бародарона, самимонаву дӯстона байни ду кишвари ҳамзабон ва бо таърихи муштарак аст.

Қоҳир Расулзода бо ишора ба баргузории Комиссияи муштараки ҳамкориҳои ду кишвар ва имзои 13 санади ҳамкории беш аз 450 миллион доллар байни Эрону Тоҷикистон гуфт, дар бахшҳои мухталиф алоқаманд ба баҳрагирӣ аз таҷориби Ҷумҳурии исломии Эрон ҳастем ва дар ин ҷиҳат лағви раводид метавонад ба тақвияти ҳамкориҳои бахши хусусӣ ва афзоиши зарфиятҳои гардишгарӣ, кумаки шоёни таваҷҷуҳе кунад.

Нахуствазири Тоҷикистон таъкид кард, мардуми Эрону Тоҷикистонро арзишҳои муштараки фарҳангӣ, забонӣ ва таърихӣ ба якдигар пайванд додааст, ки метавонад омили рушду тавсеаи равобит бошад.

Your Comment

You are replying to: .
captcha