Ба гузориши хабаргузории Абно, ҳафтаи оянда (ба вақти маҳаллӣ) кишварҳои узви Созмони Паймони Атлантики Шимолӣ (НАТО) манёврҳои низомии мусомаи «Балтопс» (Baltops)-ро дар Баҳри Балтик оғоз хоҳанд кард.
Рӯзномаи Олмонии "Билд" дар ин хусус илова кард: "Дуруст дар ҳамон замон, як тамрини низомӣ низ аз сӯи Русия дар Баҳри Балтик баргузор мешавад; ба вижа ин ки киштиҳои ҷангӣ дар манёврҳои Русия ширкат хоҳанд кард."
Ин расонаи Олмонӣ иддао кард, ки ин мавзӯъ нишон медиҳад, ки русҳо тасмим гирифтаанд тамриноти низомии ҷории худро як моҳ зудтар аз ҳадди маъмулӣ анҷом диҳанд!
"Билд" афзуд: "Ҳафтаи оянда (ба вақти маҳаллӣ), кишварҳои узви НАТО манёврҳои дарёии деринаи худро оғоз хоҳанд кард. Ин манёври бузурги низомӣ, ки нерӯи дарёии Олмон низ дар он ширкат мекунад, беш аз 50 сол аст, ки ҳар сол дар ибтидои июн баргузор мешавад; аммо ин бор, НАТО танҳо нест. Русия низ новгони худро барои тамрин ба Баҳри Балтик мефиристад. Аз рӯзи сешанбе (ҳафтаи ҷорӣ), 20 киштии ҷангии Русия барои манёври бузурги солона албатта як моҳ зудтар аз ҳадди маъмулӣ ба ин дарё хоҳанд омад. Нерӯҳои Маскав ва НАТО ин бор метавонанд ба тарзи хатарноке ба ҳам наздик шаванд."
342/
Your Comment