30 Май 2025 - 22:29
Source: Parstoday
Аз Чобаҳор то Авруосиё; Эрон, дарвозаи тиҷорати Осиёи Марказӣ

Эрон бо такя бар мавқеъияти стратегии Бандари Чобаҳор ва шабакаи густардаи ҳамлу нақли худ, ба шарики калидии кишварҳои Осиёи Марказӣ табдил шуда ва равобити тиҷорӣ ва луҷистикии худро бо ин минтақа тақвият мекунад.

Сайти “The Diplomat”, манбаи тахассусӣ дар ҳавзаи равобити байналмилал, амният, иқтисод ва сиёсат дар мақолае навишт: Ҷумҳурии Исломии Эрон дар давраи раёсатҷумҳурии Масъуди Пизишкиён, ба вузӯҳ дар ҳоли тақвияти сиёсати худ дар Осиё Марказӣ аст.

Ба гузориши Порс Тудей, дар ин мақола хотирнишон шудааст: «шабакаи густардаи ҷодаӣ ва рейлии Эрон, ҳамроҳ бо банодири муҳими ин кишвар дар Уқёнуси Ҳинд, мазияти роҳбурдӣ барои ҳамкорӣ бо ҷумҳуриҳои маҳсӯр дар хушкии Осиёи Марказӣ фароҳам мекунад.»

Бар асоси ин гузориш, тамаркузи аслии таъомулоти минтақаии Эрон бар тавсеаи равобити тиҷорӣ ва зерсохтҳои луҷистикии ҳамлу нақл қарор дорад; амре, ки бо роҳбурди «нигоҳ ба Шарқ»-и Эрон ҳамоҳанг аст.

Кишварҳои Осиёи Марказӣ низ дар ҷустуҷуи бозорҳои масрафии ҷадид ва масирҳои коромадтар барои иттисол ба иқтисодҳои бузург ҷаҳон ҳастанд. Эрон таркибе аз ин ду мазиятро дар худ дорад ва ба ҳамин далел ба як шарики арзишманди минтақаӣ барои онҳо табдил шудааст. Афзӯн бар ин, Эрон дорои тавонмандиҳои фаннӣ ва илмӣ дар ҳавзаҳои муҳандисӣ, энержӣ, кишоварзӣ, саноати шимиёӣ ва дорусозӣ аст ва зерсохтҳои сармоягузорӣ барои тавлиди муштаракро низ дорост.

Бандари Чобаҳор дар ҷануби Эрон, дарвозае барои кишварҳои маҳсӯр дар хушкии Осиёи Марказӣ ба Уқёнуси Ҳинд маҳсуб мешавад.

Шабакаи густардаи ҷодаӣ ва рейлии Эрон, ҳамроҳ бо банодири калидӣ дар ҷануб, имкони иттисоли кишварҳои Осиёи Марказӣ ба бозорҳои ҷаҳониро фароҳам кардааст. Каридорҳои рейлӣ(хати роҳи оҳан) монанди Чин–Қазоқистон–Узбакистон–Туркманистон–Эрон–Туркия ва масирҳои чандваҷҳии ҳамлу нақл, Эронро ба пули заминии Авруосиё табдил карда, ки Шарқу Ғарбро ба ҳам муттасил мекунад.

Дар соли 2023, Эрон бо дархости Тошканд барои пайвастан ба «тавофуқномаи Чобаҳор» мувофиқат кард. Узбекистон қасд дорад дар ин бандар анбору терминали ихтисосӣ эҳдос кунад. Қазоқистону Тоҷикистон низ дар ҳоли баррасии рӯйкарди мушобеҳе ҳастанд.

Ҳамчунин музокироте барои роҳандозии каридорҳои ҳамлу нақл аз Осиёи Марказӣ ба ҳинд аз тариқи зерсохтҳои ҷодаӣ ва бандарии Эрон дар ҷараён аст; иқдоме, ки бо манофеи геоиқтисодии кишварҳои Осиёи Марказӣ ҳамоҳанг аст.

Тиҷорати дуҷонибаи Эрон бо ин минтақа, агарчӣ ҳануз ҳудӯди 1.5 миллиард доллар аст, аммо бо ҳадафгузориҳое монанди афзоиши тиҷорат бо Узбекистон ба 2 миллиард доллар ва рушди 30 дарсадӣ бо Туркманистон, дар ҳоли густариш аст. Тавофуқи тиҷорати озод бо Иттиҳодияи иқтисодии Авруосиё (EAEU) аз майи 2025, бо коҳиши тарофаҳои гумрукӣ, фурсатҳои ҷадиде барои тиҷорати Эрон фароҳам кардааст.

Илова бар ин, ҳамлу нақли континейрӣ аз банодири Ҳинд ба Узбекистону Қазоқистон аз тариқи Бандар Аббос ва Чобаҳор ва барномарезии Қазоқистон барои эҳдоси терминали тахассусӣ дар бандари шаҳид Раҷоии Эрон, нишондиҳандаи нақши рӯ ба рушди Эрон дар транзити минтақаӣ аст. Ин таҳаввулот, ҳамроҳ бо тиҷорати 34.1 миллиард долларии ғайринафтии Эрон бо Чин, ҷойгоҳи Эронро ба унвони маркази луҷистикӣ ва тиҷории минтақа тасбит мекунад.

Your Comment

You are replying to: .
captcha