Кумакҳои молӣ ва таслеҳотии кишварҳои ғарбӣ ба Киев ба саркардагии Амрико боиси ташдиди ҷанги миёни Русия ва Украина шуд ; Ҷанге, ки ҳоло Вашингтон муддаии талош барои хотимаи онаст ; Онҳам дар сояи ғорати манобеи маъдании украиниҳо . Қарораст рӯзи панҷшанбе , даври дигари музокироти оташбаси Украин ва Русия дар Истонбули Туркия баргузор шавад . Вазорати хориҷаи Русия , эълом кард ки кишварҳои ғарбӣ токунӯн ҳудӯди 550 миллиард доллар барои ҳимоят аз Украина ҳазина кардаанд . « Мирошник » ин кумакҳоро далели тадовум ҷанг донист ва гуфт : Ин буҷет сарфи хариду ирсоли таслеҳоти низомӣ ба Украина , омӯзиши нерӯҳо ва ҳимояти лаҷестикӣ аз ин кишвар шудааст .
Merz : Ғарб набояд дар қиболи Украина дучори тафриқа шавад
Ифшои кумакҳои таслеҳотии ҳангуфти кишварҳои ғарбӣ ба Украина дар ҳолеаст ки « Friedrich Merz » , садриаъзами Олмон , рӯзи чаҳоршанбе , аз кишварҳои ғарбӣ хост дарбораи мавзӯи Украина дучори тафриқа нашаванд . Вай дарбораи барқарории оташбаси миёни « Маскав » ва « Киев » низ гуфт ки чунин оташбасӣ метавонад панҷарае барои имкони оғози музокироти сулҳ боз кунад . Бисёр ҳаётӣ аст ки Ғарб иҷозаи надиҳад даруни он тафриқа эҷод шавад .
Коршиноси сиёсӣ : Аврупо нигарони худаст
Аз сӯйи дигар , « Имод Обшинос » , коршиноси сиёсӣ низ дар таҳлилӣ дарбора таҳаввулоти марбӯт ба буҳрони Русия ва Украина гуфт : Ба ҳар ҳол баҳс бар инаст ки аврупоиҳо ба «Владимир Зеленский » , раиси ҷумҳӯри Украина фишор меоваранд ки мусолиҳа бо Русияро напазирад , дар воқеъ онҳо дилвопаси худашонанд ва дар ин чанд сол низ хусумати зиёдӣ нишон доданд , лизо нигарону дилвопаси кудуратҳои худ бо Русия ҳастанд .
Макрон : Украина бояд дар беҳтарин муқеъияти мумкин вориди музокирот шавад
Дар ҳамин ҳол , « Эммануэл Макрон » раиси ҷумҳӯри Фаронса , рӯзи сешанбе гуфт : Мо бояд ба Украина кумак кунем то аз худ дифо кунад аммо хоҳони оғози ҷанги ҷаҳонӣ сеюм нестем . Вай бо баёни инки Украина медонад, ки наметавонад ҳамаи сарзаминҳояшро аз Русия пас бигирад афзӯд : Ҷанг бояд мутаваққиф шуда ва Украина бояд дар беҳтарини муқеъияти мумкини вориди музокирот шавад . « Макрон » ба тозаги Русияро таҳдид карда дар сӯрати адами мувофиқат бар сари шурӯти оташбаси як моҳа , таҳримҳо алайҳи ин кишвар ташдид шавад .
Рӯзномаи италияӣ : Талош барои пирӯзӣ бар Русия боиси фурӯпошии Украина шудааст
Рӯзномаи италияии Il Fatto Quotidiano низ дар вокуниш ба мавзӯи Макрон дар қиболи Украина навишт : Раиси ҷумҳӯр Фаронса намехоҳад бипазирад сиёсатҳои Аврупо дар фурӯпошии Украина нақш доштааст . Дар ин гузориш омадааст : « Украина ҳамаи чизро аз даст додаасту Макрон хиҷолат мекашад эътироф кунад талош барои пирӯзӣ бар Русия боиси фурӯпошии Украина шудааст . » ин гузориш меафзоед : Украина. ки рӯзӣ барои пайвастан ба Созмони Паймони Атлантики шимолӣ « НАТО »ва Иттиҳодияи Аврупо мубориза мекард имрӯз аз ҳар 2 гузана маҳрӯм шудааст .
Your Comment