Ба гузориши Порс-Тудей, ба нақл аз Хабаргузории садо ва симо, Паймони Ҷибилӣ, раиси Созмони садо ва симои Ҷумҳурии исломии Эрон, рӯзи панҷшанбе дар дидор бо уламои аҳли суннати устони Ҳурмузгони Эрон, бо ишора ба ҳимояти ҳамешагии шиаён аз аҳли тасаннун ва намуди айнии он дар моҷарои Ғазза ва таърихи Фаластин гуфт: Хуни шаҳидон Исмоил Ҳания, Яҳё Синвор ва Сайид Ҳасан Насруллоҳ намоди муқовимату ваҳдати шиаёну аҳли суннат аст.
Раиси расонаи миллии Эрон зимни таъкид бар иҳтимоми ин созмон барои табйини сиёсатҳои низоми Ҷумҳурии исломӣ дар хусуси истифода аз зарфиятҳои аҳли тасаннун дар ҳавзаҳои мухталиф таъкид кард: Шиае, ки ба муқаддасоти аҳли суннат тавҳин мекунад, тибқи фармудаи Раҳбари муаззами инқилоб, шиаи инглисӣ аст.
Ҳифзи ваҳдат беш аз ҳар замоне ниёз аст
Ораш Зиреҳтани Лаҳунӣ, устондори Курдистони Эрон низ дар ҳафтаи ахир дар дидор бо ҷамъе аз рӯҳониёну уламои аҳли суннати ин устон бо баёни инки имрӯз аҳамияти ваҳдат беш аз гузашта аст, гуфт: Дар рафтору гуфтори уламои аҳли тасаннуну ташайюъ, талошу мавзеъгирӣ дар ростои тақвияти иттиҳод машҳуд ва ба нафъи кишвару миллати Эрон аст. Вай афзуд: Аҳли суннат эҳтирому эътиқоди вижае нисбат ба паёмбари акрам (с) ва аҳли байт доранд ва дар ин роҳ мардум ҳамеша пушти сари уламо ҳаракат кардаанд.
Ҳамдилии уммати Ислом - иззати муслиминро эҳё мекунад
Мавлавӣ Сайид Аҳмад Абдулҳай Искандар, хатиби ҷумъаи аҳли суннати шаҳри Асадия дар устони Хуросони Ҷанубии Эрон низ гуфт: Бояд бо ваҳдату тақриб миёни милали исломӣ нақшаҳои душманонро ба яъс ва шикаст кашонд.
Вай таҳкими ваҳдати уммати исломӣ дар ростои якпорчагиву эътилои иззати мусулмононро амре воҷиб донист. Мавлавӣ Искандар афзуд: Тайи солҳои мутамодӣ шоҳиди таҳримҳои золимона ва ҳамчунин дасисаҳои душманони Ислом аз сӯи Амрико ва саҳюнистҳо будаем, аз ин рӯ ин ҳамдилӣ ва ухуввату иттиҳоди уммати исломӣ метавонад бисёре аз ин нақшаҳои шуми душманонро хунсо кунад.
Амалкарди шаҳид Раисӣ дар дифоъ аз мазлумон мондагор аст
Момусто Абдусалом Имомӣ, имоми ҷумъаи Маҳобод ҳам рӯзи чаҳоршанбе дар ойини гиромидошти аввалин солгарди шаҳодати оятуллоҳ Сайид Иброҳими Раисӣ, раиси ҷумҳурии фақиди Эрон ва дигар ҳамроҳони вай гуфт: Амалкарди шаҳид Раисӣ дар дифоъ аз мардуми мазлум ва ҳамчунин мусулмонони борикаи Ғазза мондагору қобили ситоиш аст. Вай афзуд: Шаҳид Раисӣ дар Созмони Милал ҳам бо нишон додани тасвири шаҳид сардор Қосими Сулаймонӣ ва ҳамчунин Қуръони Карим, дар камоли шуҷоат аз меҳвари муқовимат ва ҳамчунин дини Ислом дифоъ кард.
Момусто Имомӣ таъкид кард: 2 сол аз бомбаборону ҷиноёти режими саҳюнистӣ дар Ғазза гузашта ва ҳанӯз ҳам ҳеҷ кишвари мусулмоне ба ғайр аз Эрон ва меҳвари муқовимату Ямани сарбаланд дар баробари куштори режими ҷаълӣ истодагӣ накардааст.
342/
Your Comment