16 Май 2025 - 22:09
Source: Parstoday
Оё падофанди Яман метавонад таҳдиде барои F-35-ҳои Амрико бошад?

Амрико аз 15 марти соли 2025 ҳамалоти ҳавоии густардаеро алайҳи Яман оғоз кард, ки муҳимтарин амалиёти низомии Амрико дар Ғарби Осиё аз замони рӯи кор омадани дубораи Доналд Трамп, раиси ҷумҳурии Амрико буд.

Дар ҳамалоти неруи ҳавоӣ ва неруи дарёии Амрико ба Яман беш аз ҳазор бор манотиқи мухталифи Яман ҳадафи ҳамалоти ҳавоӣ қарор гирифт.

Ба гузориши Порс-Тудей, амрикоиҳо дар ин ҳамалот аз ҳавопаймоҳои зарбатии мустақар бар рӯи новҳои ҳавопаймобари «Ҳари Труман» ва «Карл Винсон» истифода карданд.

Дар ин ҳамалот ҳатто бомбафканҳои стратегии Би – 2 ва сангинтарин бомбаи сангаршикани зарродхонаи Амрико мавсум ба бомбаи Ҷи Би Ю - 57 ба вазни ҳудуди 14 тон мавриди истифода қарор гирифтанд. Партоби ин бомба алайҳи аҳдофи зеризаминии яманиҳо бо муваффақият ҳамроҳ набуд ва яманиҳо тавонистанд ба суръат вурудиҳову хуруҷиҳои тунелҳои мавриди исобат қарор гирифтаро бозсозӣ кунанд.

Ба ин ҳисоб корбурди ин таслеҳот натоиҷи мавриди интизорро надоштаву амрикоиҳо мутаваҷҷеҳ шуданд, ки кори бисёр сахте дар бораи нобудии тавонмандии низомии Ансоруллоҳи Яман дар пеширӯ доранд.

Бо идомаи нокомиҳо ва низ афзоиши хисороти низомии Амрико, аз ҷумла соқит шудани чандин фарванд F-18 ва даҳҳо паҳпод, эҳтимоли мавриди исобат қарор гирифтани ҷангандаҳои пешрафтаи амрикоӣ, ба хусус ҷангандаи насли панҷуми F-35, Кохи Сафед дар тағйири мавзеи ошкору ногаҳонӣ эълом кард, ки дар ҷанги Яман оташбас эълом кардааст.

Суоли матраҳ ин аст, ки яманиҳо аз кадом сомонаи падофандӣ ва чӣ мушакҳое барои муқобила бо ҳавопаймоҳои мутахосими амрикоӣ истифода кардаанд, ки ин гуна муҷиби ваҳшати Трамп шудааст?

Яманиҳо дар охирҳои августи соли 2019 аз мушаки падофандии худ мавсум ба мушаки “Фотир 1” рӯнамоӣ карданд. Ин мушак дар зоҳир копии мушаки 3 М 9-и сомонаи падофанди ҳавоии “Сом – 6”-и сохти Шуравӣ бо бурди ҳудуди 25 километр аст, ки солҳо қабл ба Яман низ фурӯхта шудааст. Ин як сомонаи падофандии миёнбурд бо ҳидояти эҳтимолан нимфаъоли радарӣ ва ҳамчунин фурӯсурх аст ва тавониста паҳподи MQ-9-и Амрикоро сарнагун намояд.

Дар мавриди ҳавопаймои F-35, ки як ҳавопаймои пинҳон аз диди радар аст, мусалламан ин ҷанганда дар муқобили сомонаҳои падофанди ҳавоии радарӣ аз сатҳи ҳифозати қобили таваҷҷуҳе бархӯрдор аст. Дар ҳоле ки сомонаҳои падофанди ҳавоии кӯтоҳбурди муҷаҳҳаз ба мушакҳои дорои сомонаи ҳидоятии фурӯсурх (модуни қирмиз) монанди мушаки Р - 27 қодир ба шиносоии басарии ин ҷангандаву партоби мушак ба самти он ҳастанд, ки дар ин сурат хатаре ҷиддӣ барои он ва низ ҳавопаймоҳои ҷангандаи насли чаҳорум монанди F-16 ба шумор меоянд. Дар ин росто як мақоми амрикоӣ дар мусоҳиба бо вебсайти «Вор зун» эътироф кард, ки ҷангандаи радаргурези F-35-и Амрико маҷбур шуд барои фирор аз исобати мушакҳои замин ба ҳавои Яман, манёврҳои гурез анҷом диҳад. Ин мақом гуфт: «Мушакҳо он қадр наздик шуданд, ки F-35 маҷбур ба манёвр шуд».

Чандин мақоми амрикоӣ низ гуфтанд, ки чанд ҷангандаи F-16 ва як F-35-и Амрико наздик буд ҳадафи падофанди ҳавоии муқовимати Яман қарор гиранд ва ин мавзуъ эҳтимоли талафоти амрикоиҳоро комилан воқеӣ кард.

Дар ҳоле ки натоиҷи амалиёти низомии Амрико дар Яман, аз ҷумла сарнагунии 27 фарванд паҳподи «MQ-9 Reaper» тавассути муқовимати Яман, ки ҳазинае беш аз 800 миллион долларро ба Вашингтон таҳмил кард ва низ ба хатар афтодани ҷиддии ҷангандаи F-35-и амрикоӣ нишон медиҳад, ки размандагони яманӣ дар ҷанги номутақорин бо Амрико илова бар шуҷоату шаҳомати васфнопазир, дорои донишу маҳоратҳо ва низ таҷҳизоти низомӣ ҳастанд, ки муҷиб шуда то онҳо битавонанд заработи сахту муассиреро ба Амрико ворид кардаву муҷиби руъбу ваҳшати он шавад.

Your Comment

You are replying to: .
captcha