17 Май 2025 - 23:26
Source: Parstoday
Имом Хоманаӣ : « Ба ҳиммати миллатҳои минтақа , Амрико аз ин минтақа хоҳад рафт » ; дидори муаллимон бо Раҳбари Инқилоб

Порстудей - Ҳазрати оятуллоҳ Хоманаӣ вазифаи давлати исломиро иртиқо(пешрафт)и илмӣ , фаннӣ , ҳирфаӣ ва имонии донишомӯзон хонданд .

Раҳбари инқилоби исломӣ субҳи имрӯз шанбе дар дидори ҳазорон тан аз муаллимону фарҳангиён , чеҳранигории шоиста аз муаллим ва эҷоди тасвири ҷаззоб , бонишот ва дӯстдоштанӣ аз муаллим дар афкори умумиро зарурӣ ва ниёзманди кори ҳунарӣ ва расонаии дастгоҳҳои масъӯл донистанд .
Ба гузориши Порстудей , ҳазрати оятуаллоҳ Хоманаӣ дар ибтидои суханони худ  ҳадаф аз ин дидорро қадрдонӣ аз муаллимон ва такрими ҷойгоҳи муаллим донистанд ва бо таъкид бар инки ҳар миқдор ҳазина(маблағгузорӣ) дар бахши омӯзиш дар воқеъ сармоягузорӣ барои ояндаи кишвар аст , афзуданд : Хушбахтона раиси ҷумҳӯри муҳтарам ба масоили омӯзишу парвариш иҳтимоми вижае иброз мекунанд ва вазири муҳтарам низ аз мудирони барҷаставу ошно бо масоили ин дастгоҳ аст .Ишон таҳаққуқи аҳдофу афкори хубро дар гарави пайгирии муҷиддонаи онҳо донистанд ва дар идома ба баёни чанд нукта дар бораи муаллимон пардохтанд . Раҳбари инқилоб гиромидошти муаллим аъам(иборат) аз мусоидатҳои маъишатӣ то сохти тасвири мубтакиронаву зебо , бонишоту дӯстдоштанӣ аз муаллим дар афкори умумиро вазифаи муҳим баршумурданд ва афзуданд : Натиҷаи гиромидошти муаллим ва чеҳранигорӣ аз он бояд ба гунае бошад, ки ҷомеъа муаллимро шахсиятии ҷаззоб , фаъол , пурталош , боифтихор ва сарафроз бибинаду шуғли муъаллимӣ дар садри феҳристи машоғил(касбу корҳо)и мавриди алоқаи ҷавонон қарор гирад .Ишон афзуданд : Муаллим фақат омӯзишдиҳандаи китоби дарсӣ нест, балки ахлоқ , рафтор , наҳваи ҳузур дар клосс(синфхона) ва кайфияти тадрису вижагиҳои шахсиятии ӯ ҳамчун тавозуъ ё такаббур ва нишот ё сархӯрдагӣ , барои донишомӯз шахсиятсоз ва дар ӯ ҳатто беш аз падару модар асаргузор аст ва агар муаллим бо ин дарку фаҳм сари клосс ҳозир шавад , аз гуфтору рафтори худ муроқибати вижае хоҳад кард . Ҳазрати оятуллоҳ Хоманаӣ вазифаи давлати исломиро иртиқои илмӣ , фаннӣ , ҳирфаӣ ва имонии донишомӯзон хонданд .
 

Ишон дар бахши поёнии суханонашон бо ишора ба изҳороти раиси ҷумҳӯри Амрико дар сафари ахир ба минтақа , хотирнишон карданд : Баъзе аз ҳарфҳои раиси ҷумҳӯри Амрико дар ин сафар он қадар сатҳи поин ва мояи сарафкандагии гӯяндаи он ва миллати Амрико аст, ки асосан лоиқи ҷавоб додан нест .

Раҳбари инқилоб бахше аз изҳороти Трампро дар бораи инки мехоҳад аз қудрат барои сулҳ истифода кунад , дурӯғ хонданд ва афзуданд : Ӯ ва давлатҳои Амрико, кай аз қудрат барои сулҳ истифода кардаанд ? онҳо аз қудрат барои қатли оми Ғазза ва ҷангафрӯзӣ дар ҳар ҷои мумкин ва ҳимоят аз муздурони худ истифода кардаанд .
Ҳазрати оятуаллоҳ Хоманаӣ истифода аз қудрат барои сулҳу амниятро мумкин донистанд ва гуфтанд : Бар ҳамин асос аст, ки Ҷумҳурии исломӣ ба кӯрии чашми душманон , ҳар рӯз бар қудрати худ ва кишвар изофа хоҳад кард, аммо онҳо бо истифода аз қудрат , бомбаҳои 10 тоннӣ ба режими саҳюнӣ доданд, ки рӯйи сари кӯдакони Ғазза ва бемористонҳову хонаҳои мардум дар онҷо ва Лубнон ва ҳар ҷои дигар, ки битавонанд, бирезанд .
Ишон бо ишора ба суханони қаблии раиси ҷумҳӯри Амрико дар бораи инки кишварҳои минтақа бидуни Амрико ҳатто 10 рӯз ҳам наметавонанд ба зиндагии худ идома диҳанд , хотирнишон карданд : Ӯ дар муомилот ва пешниҳодҳои кунунии худ дар паи таҳмили ин улгӯ ба онҳо аст; дар ҳоле ки ин улгӯ  яқинан шикастхӯрда аст ва ба ҳиммати миллатҳои минтақа Амрико аз ин минтақа бояд биравад ва хоҳад рафт .

Раҳбари инқилоб режими саҳюнистиро мояи фасод ва ҷангу ихтилоф дар минтақа хонданд ва таъкид карданд : Режими саҳюнӣ, ки ғуддаи саратонӣ , хатарнок ва мӯҳлик аст ,ҳатман бояд аз ин минтақа барканда шавад ва барканда хоҳад шуд .

Ҳазрати оятуаллоҳ Хоманаӣ усул ва манзумаи арзишии Ҷумҳурии исломиро, ки мабнои ҳаракати он дар ин минтақаи пурфарозу нишеб аст , усули мушаххасу равшан хонданд ва афзуданд : Эрони имрӯз қобили муқоиса бо гузашта нест ва ба тавфиқу фазли Илоҳӣ ва ба кӯрии чашми душманон ва бар хилофи хости онон Эрони азиз пешрафт карда ва пас аз ин низ ҷавонони мо хоҳанд дид, ки бо ҳамкории худи онон , кишвар чандин баробар беш аз ин , пешрафт хоҳад кард .

Your Comment

You are replying to: .
captcha