7 Апрел 2025 - 23:17
Source: Parstoday
Яҳудиёни саҳюнист ба дунболи балъидани Каронаи Бохтари; Ҷузиёти аз тарҳи хатарноки режим дар сохти ҳазорон воҳиди шаҳракнишин

Дар сояи ҷанг алайҳи навори Ғазза ва раҳбарии Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Амрико, режими саҳюнистӣ фурсати тиллоӣ барои иҷрои тарҳҳои хатарноки худ дар Каронаи Ғарбӣ ба даст овард.

Ба гузориши Порс тудей, Тавфиқ Томе, таҳлилгари умури сиёсии Фаластин, рӯзи якшанбе ҳушдор дод: Соҳили Ғарбӣ ба таҷовузи бераҳмонаи Исроил ва ғасби тадриҷӣ ва ишғол кардани сарзаминҳои ишғолшуда дучор мешавад. Раванди поксозии нажоди ҳамзамон бо наслкушӣ дар навори Ғазза дар соҳили Ғарбӣ ҷараён дорад.

Вай афзуд: "Ҳамла ба соҳили Ғарбӣ нав нест ва даҳсолаҳо боз идома дорад." Аммо ин тамоюл дар давраи ҷанги зидди навори Ғаза шиддат гирифт ва нияти ишғолгарии бештар зохир гардид ва сарварони ифротии ин режим онро ба шакли ошкоро ва бедуни таваҷҷуҳ ба вокуниши араби ва байналмилалӣ онро матраҳ мекунанд.

Таҳлилгар изҳор дошт: Тамоми соҳили Ғарб дар хатари ҳамла қарор дорад ва дар сояи ҷанг алайҳи навори Ғазза, як фурсати тиллоӣ барои пайвастан ба соҳили Ғарб бо пуштибонии Трамп ба вуҷуд омадааст. Хусусан, зеро Трамп ваъда додааст, ки соҳили Ғарбиро ғасб мекунад. Ҳамон тавре, ки Трамп дар давраи аввали раёсатҷумҳурии худ пайвастани теппаҳои Ҷувлони Сурияро ба қаламравҳои ишғолкарда эътироф кард.

Таъме гуфт: Эълони тарҳи бунёди 13 шаҳраки нави саҳюнистӣ дар рӯди Урдун ва бунёди ҳазорон воҳидҳои шаҳракӣ ба фурубурдани дарёи Урдун ва маҷбур кардани фаластиниён ба тарки манотиқи худ аст. Он чи ки сохили ғарбии дарёи Урдунро интизор аст, хела хатарнок аст, зеро ишғолгарон аз тарҳи сухан мегуянд ки ҳар устон ё шаҳрро ба афроди сарсупурдаи худ бидиҳанд ва ҳар минтақаи мудирияти мутафовит аз минтақаи дигар дошта бошад ва бар ин тартиб артиши ишғолгарон бо гумоштаҳои худ фаластиёниёнро кантрол кунанд, нобудкардани муқовимат ҳам дар раси авлавиятҳои ҳар як аз ин манотиқ аст.

Ин таҳлилгар бар зарурати ваҳдат миёни мардуми Фаластин ва таваҷҷуҳ ба муқовимат барои муқбила бо ин тарҳҳои ишғолгарон таъкид кард ва муқовиматро аз рӯи урфи байнулмилалӣ як ҳаққи қонунӣ хонд.

342/

Your Comment

You are replying to: .
captcha