AhlolBayt News Agency (ABNA)

source : Parstoday
Якшанбе

19 Ноябр 2023

17:34:44
1413220

Дидори мақомоти Тоҷикистон бо масъулини Банки давлатии Чин

Омоноти Банки Тоҷикистон токунун беш аз 80 миллион доллар аз Банки давлатии Чини қарз гирифта қарордоди қарзи дигари мунъақид кардааст.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз Спутник Сироҷиддин Икромӣ ва мудири Банки давлатии рушди Чин Тан Тсзюн созишномаи нави қарзӣ ба маблағи 100 млн юан ва ё қариби 14 млн доллари амрикоиро ба имзо расонданд.

Дар ин дидор таъкид шуд ки ҳамкории ду созмони молиявӣ аз соли 2008-ум инҷониб дар доираи Иттиҳоди байнибонкии Созмони ҳамкории Шанхай ба роҳ монда шудааст.

Зикр гардид, ки давоми 15 соли ҳамкорӣ миёни бонкҳо 10 созишнома, аз ҷумла 9 созишномаи қарзӣ ба маблағи 81,5 млн доллар ба имзо расонда шудааст.

Ҳадафи аслии ба имзо расонидани созишномаи нави қарзӣ ин пешниҳоди қарзҳои хурд барои рушди соҳаи кишоварзӣ, соҳибкории хурду миёна, ворид намудани техникаву технологияҳои истеҳсоли молу маҳсулоти воридотивазкунанда арзёбӣ шудаст.

Инчуни ба соҳибкороне, ки аз Чин молу маҳсулот ворид менамоянд қарз дода мешавад.

Дар мавриди беш аз 81,5 млн доллар, ки банки чинӣ то ҳол ба Амонатбонк дода шудаст, иттилоъ дода шуд, ки дар ин замина 74 лоиҳаҳои мухталиф дар 36 шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ маблағгузорӣ гардиданд.

Инчунин, ба 4200 мизоҷ барои рушди фаъолияти соҳибкории хурду миёна қарзҳои хурд ҷудо карда шуда, дар натиҷаи татбиқи лоиҳаҳо дар бозори меҳнати кишвар зиёда аз 6900 ҷойҳои нави корӣ таъсис дода шуд, омадаст иттилоия.


342/