31 Июл 2026 - 20:18
Source: ABNA
Маорив: Ақибнишинии низомиёни амрикоӣ аз Кувайт пирӯзии таърихӣ барои Эрон аст

Рӯзномаи ибронии «Маорив» эътироф кард, ки ақибнишинии нерӯҳои амрикоӣ аз Кувайт дар пайи ҳамлаҳои Эрон, муқаддимаи хуруҷи низомиёни ин кишвар аз пойгоҳҳои худ дар минтақа аст ва пирӯзии таърихӣ барои Эрон маҳсуб мешавад.

Ба гузориши агентӣи хабарии «Абна» ба нақл аз манобеъи фаластинӣ, рӯзномаи ибронии Маорив дар гузорише эътироф кард: ақибнишинии нерӯҳои амрикоӣ аз Кувайт дар натиҷаи ҳамлаҳои Эрон, пирӯзии таърихӣ барои Теҳрон ба шумор меравад.

Дар қисмати дигари гузориши Маорив омадааст: ақибнишинии нерӯҳои амрикоӣ аз Кувайт муқаддимаи хуруҷи низомиёни ин кишвар аз пойгоҳҳои худ дар минтақа аст, ки яке аз шартҳои Теҳрон барои зери назорат даровардани минтақаи Халиҷи Форс мебошад.

Рӯзномаи «Уолл Стрит Ҷорнал» ба наздикӣ ба нақл аз масъулони амрикоӣ гузориш дод, ки Амрико сатҳ ва васеъии ҳузури низомии худро дар Кувайт бозбинию мекунад.

Тибқи гузориши ин рӯзномаи амрикоӣ, Пентагон пеш аз оғози ҷанг бо Эрон низ мавзӯи коҳиши нерӯҳои амрикоӣ дар Кувайтро баррасӣ мекард, аммо пас аз ҳамлаҳои Эрон ба пойгоҳҳои Амрико, ҳузури низомии Вашингтонро дар ин кишвар бо ҳадафи коҳиши хавфҳо ва осебпазирии нерӯҳои амрикоӣ маҳдуд кардааст.

Your Comment

You are replying to: .
captcha