Аз рӯи гузориши Агентии Ахбори Абна, шабакаи телевизионии СНН имрӯз якшанбе бо ишора ба Саройи Сафед эълон кард, ки Ҷ.Д. Вэнс муовини Президенти Амрико дар гуфтушунидҳои эҳтимолии оянда байни Эрон ва Амрико дар Покистон ҳузур хоҳад дошт.
Тибқи эъломи ин расона, дар ин сафар Ҷ.Д. Вэнс муовини Президенти Амрикоро Стив Виткофф ва Ҷаред Кушнер ҳамроҳӣ хоҳанд кард.
Иддаъои шабакаи телевизионии СНН дар бораи ҳузурӣ Ҷ.Д. Вэнс дар ҳоле пешкаш мешавад, ки Трамп қаблан бо иддаъои нигарониҳои амниятӣ иштироки ӯро дар гуфтушунидҳои Исламобод рад карда буд.
Президенти Амрико пештар ба АБС Ниюз гуфта буд: Ҷ.Д. Вэнс аз сабабҳои амниятӣ ба Покистон нахоҳад рафт. Хизмати амниятӣ аз рафтани Вэнс ба Покистон розӣ нест.
Аммо Ню Йорк Пост аз тарафи дигар эълон карда буд: «Ҷ.Д. Вэнс» муовини Трамп сафаре ба Покистон нахоҳад дошт.
Your Comment