8 Июл 2025 - 13:42
Source: ABNA
Мардуми Баҳрайн бо вуҷуди тадобири амниятӣ Ошурои Ҳусайнӣро гиромӣ доштанд

Мардуми азадори Баҳрайн, рӯз ва шаби даҳуми муҳаррамро бо вуҷуди тадобири шадиди амниятӣ гиромӣ доштанд.

Ба гузориши хабаргузории Аҳлибайт(а) ـ Абна ـ ҳазорон нафар аз мардуми Баҳрайн аз манотиқи мухталиф ба пойтахт дар маросими Ошурои Ҳусайнӣ ширкат карданд.

Пас аз он ки ҷамъияти азим дар қолаби дастаҳои бошукӯҳи азадорӣ хиёбонҳо ва майдонҳоро пур карданд ва дар пешопеши онҳо уламои барҷастаи Баҳрайн ҳаракат мекарданд, шиорҳои инқилобӣ ва фарёдҳои ҳимоят аз уламо ва Шайх Исо Қосим, ва низ шиорҳои зидди Амрико ва режими саҳюнистӣ танинандоз шуд.

Саййид Маҷид Мишъал, раиси Шӯрои исломии уламои Баҳрайн, дар ин маросим, суханронии Ошуроӣ ирод кард.

Дар канори маросими марказӣ дар Манома, мардуми Баҳрайн шаби даҳумро дар манотиқи мухталиф низ гиромӣ доштанд. Маҷолиси азадорӣ дар Ҳусайнияҳо баргузор шуд ва дастаҳои азадорӣ дар хиёбонҳо ба ҳаракат даромаданд.

Азадорон ҳамлаи ошкоро ба мазоҳири Ошуроӣ ва поин овардани парчамҳо ва плакатҳои Ҳусайнӣро маҳкум карданд ва нисбат ба нақзи озодии анҷоми шаъоири динӣ ва саркӯби маросимҳои шиъӣ эътироз намуданд.

Деворҳои бархе шаҳрҳо низ бо тасвирҳои Раҳбари муаззами Инқилоб ва Шайх Исо Қосим» ва тасвирҳои шаҳидон озин шуд ва ҳамчунин парчами режими саҳюнистӣ бар рӯи замин нақш баст то зери пойи мардум ва чархи худравҳо легдмол шавад.

Your Comment

You are replying to: .
captcha